Ғарқи дарёи шаробам куну бигзор бимирам.
Қиссаи ишқ ба гӯши мани девона чӣ хонӣ?
Бас кун афсонаву хобам куну бигзор бимирам.
Гарчи ишқи ту саробист, фиребандаву сӯзон,
Дилхуш, ай маҳ, ба саробам куну бигзор бимирам.
Зиндагӣ талхтар аз марг бувад, гар ту набошӣ,
Баъд аз ин мурда ҳисобам куну бигзор бимирам.
Пираму нест дигар бим зи дамсардии мурдан,
Гарми рӯъёи шабобам куну бигзор бимирам.
Хаста шуд дидаам аз дидани амвоҷи ҳаводис,
Кӯр чун чашми ҳубобам куну бигзор бимирам.
То ба кай ҳалқа шавад сар, ба дари хона бикӯбам,
Аз дари хеш ҷавобам куну бигзор бимирам.
Ашки гармам, ки ба нӯги мижаи шамъ биларзам,
Шӯъла шав, яксара обам куну бигзор бимирам.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев