Предыдущая публикация
Бирав, ай маҳ, ки андӯҳи шаби торе дилам хоҳад.
Биё, ай ғам, биё, ай мӯниси шабҳои тори ман,
Ки имшаб аз ту ҳамкориву ҳамдардӣ дилам хоҳад.
Бисӯз, ай ҷон, ки ҷони оташафрӯз орзу дорам,
Бикоҳ, ай тан, ки ранҷуриву беморӣ дилам хоҳад.
Биранҷону бинолонам, бигирёну бисӯзонам,
Ки сӯзу ашку оҳу нолаву зорӣ дилам хоҳад.
Канори бӯсу оғӯши ту арзонӣ ба бедардон,
Ки ман дунёи дардам, ошиқозорӣ дилам хоҳад.
Ғами ишқӣ, каромот кардаӣ ҷону дили моро,
Ки ҳақ бишносам, ар як зарра ғамхорӣ дилам хоҳад.
Ба ҷуз рӯйи туву мӯйи туву чашми накуи ту,
Зи ҳар чӣ дар ду олам ҳаст, безорӣ дилам хоҳад.
Яздонбахши Қаҳрамон
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев