Предыдущая публикация
Дидӣ, дило, ки умр чӣ сон бехабар гузашт.
Моро дигар чӣ чашми умеде зи пирӣ аст,
К-аз пеши ман ҷавонӣ бо чашми тар гузашт.
Гӯ, баъди ман касе накунад ҳеҷ ёди ман,
Ин хобу ин хаёл наарзад ба саргузашт.
Ай ғарқа бодкиштии умре, ки рӯзу шаб,
Дар баҳри оби дидаву хуни ҷигар гузашт.
Аз даст кори ман шуду ҷонам ба лаб расид,
Аз по дарафтодаму обам зи сар гузашт.
Бо содагӣ бисоз, Низомо, ки саҳлтар,
Он кас гузашт, к-аз ҳама кас содатар гузашт.
Низоми Вафо
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев