МИНОИ ДИГАР
Гарчи мастему харобем чу шабхои дигар,
Боз кун сокии мачлис сари минои дигар,.
Имшаберо,ки дар онем ганимат шумарем,
Шояд эй дил нарасидем ба фардои дигар.
Масти мастам машикан кадри худ,ай панчаи гам,
Ман ба майхонаам имшаб,ту бирав чои дигар.
Чи ба майхона,чи мехроб,харомам бошад,
Гар ба чуз ишки туам хаст таманнои дигар.
То равам аз пайи ёри дигаре,мебояд
Чуз дили ман дилеву чуз ту дилорои дигар.
Нашунидаст гуле буйи ту ай гунчаи ноз,
Будаам варна басе хамдами гулхои дигар.
Ту сияхчашм чу ойй ба тамошои чаман,
Нагузорй ба касе чашми тамошои дигар.
Бода пеш ор,ки рафтанд аз ин мактаби роз,
Устодон бифузуданд муаммои дигар.
Ин кафасро набувад равзане,ай мурги пареш,
Орзу сохта бистон тарабзои дигар.
Гар бихиштест,рухи туст,нигоро,ки дар он
Метавон кард ба хар лахза тамошои дигар.
Аз ту зебосанам ин кадр чафо зебо нест,
Гирам ин дил натавон дод ба зебои дигар.
Майфурушон хама донанд,Имодо,ки бувад
Ошиконро хараму дайру калисои дигар.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев