Бигзор бимирам
Имшаб аз бода харобам куну бигзор бимирам,
Гарки дарёи харобам куну бигзор бимирам.
Киссаи ишк ба гуши мани девона чй хонй?
Бас кун афсонаву хобам куну бигзор бимирам.
Гарчй ишки ту саробест фиребандаву сузон,
Дилхуш эй мах,ба саробам куну бигзор бимирам.
Зиндагй талхтар аз марг бувад гар ту набошй,
Баъд аз ин мурда хисобам куну бигзор бимирам.
Пираму нест дигар бим зи дамсардии маргам,
Гармруъёе шабобам куну бигзор бимирам.
Хаста шуд дидаам аз дидани амвочи хаводис,
Кур кун,чашми хубобам куну бигзор бимирам.
То ба кай халка шавам сар ба дари хона бикубам?
Аз дари хеш чавобам куну бигзор бимирам.
Ашки гармам,ки ба нуги мижаи шамъ биларзам,
Шуъла шав,яксара обам куну бигзор бимирам
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1