Предыдущая публикация
Савдои дил
Хамчу най менолам аз савдои дил,
Оташе дар сина дорам чои дил.
Ман,ки бо хар доги пайдо сохтам,
Сухтам аз доги нопайдои дил.
Хамчу мавчам як нафас ором нест,
Балки туфонзо бувад дарёи дил.
Дил агар аз ман гурезад,войи дил,
Гам агар аз дил гурезад,войи дил.
Боз расвой,баландовозаем,
Номвар шуд хар ки шуд расвои дил.
Хонаи мур асту манзилгохи бум,
Осмон бо химмати волои дил.
Ганчи мунъим хирмани симу зар аст,
Ганчи ошик гавхари яктои дил.
Дар миёни ашки навмедй Рахй,
Хандам аз уммедворихои дил.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев