Рохи найистон.
Нола ба дил шуд гирех,рохи найистон кучост?
Хона кафас шуд ба ман,тарфи биёбон кучост?
Ашк ба хунам кашид,ох ба бодам супурд,
Акл ба бандам фиканд,рахнаи зиндон кучост?
Гуфт панохат дихад,дар рахи он хок шав,
Он,ки шудам дар рахаш хок,бигу,он кучост?
Руз ба мехнат гузашт,шом ба гам шуд сахар,
Сокии гулчехра ку? Наъраи мастон кучост?
Дар тафи ин бодия сухт саропо танам,
Мазраъам оташ гирифт,нам-нам борон кучост?
Мавч наларзад бар об,гунча нахандад ба бог,
Барг начунбад ба шох,боди бахорон кучост?
Хубу бади зиндагй бар сари хам рехтанд,
То кунад аз хам чудо бозуи дехкон кучост?
Барки нигах хира шуд,Шавк зи дил рахт баст,
Хона пур аз дуд шуд,машъали рахшон кучост?
Нола шудам,гам шудам,ман хама мотам шудам,
Он дили хуррам чй шуд?Он лаби хандон кучост?
Абри сиях шуд падид,боз ба чархи сухан,
Ахтари бурчи адаб,марди сухандон кучост?
Хамназари Буалй, хамкадами Булало,
Хамнафаси Рудакй,хамдами Солмон кучост?
Мард намирад ба марг,марг аз у ном чуст,
Ном чу човид шуд, мурданаш осон кучост?
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев