Шеъри Абдулхасани Варзи
Аз ту дурам ману девонаву мадхуши туям,
Он чунон махви ту гаштам,ки дар огуши туям.
Як дам аз дил набарам ёди диловези туро,
Гарчи чун ишки зи дилрафта фаромуши туям.
Хамчу ашке,ки зи чон рехта дар домани ту,
Чун садое,ки зи дил хоста дар гуши туям.
Пой то сар хама туфонаму ошуфтагиям,
Бахри пурмавчаму умрест,ки дар чуши туям.
Гарчи дар хасратам аз дурии барки нигахат,
Зинда бо ёди туву гармии огуши туам.
Дар дили ин шаби торик,ки чун бахти ман аст,
То сахар мунтазири субхи баногуши туям.
Хотири нозукат озурда шуд аз мехнати ман,
Бори сангинаму овехта аз души туям.
Нигахи гармаму дар чашми сухангуи туам,
Хаваси бусааму дар лаби хомуши туям.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев