Гуфтӣ, агар бинад касе, гуфтам, ки ҳошо, мекунам.
Гуфтӣ, зи бахти бад агар ногаҳ рақиб ояд зи дар?
Гуфтам, ки бо афсунгарӣ ӯро зи сар во мекунам.
Гуфтӣ, ки талхиҳои май гар ногувор ояд маро,
Гуфтам, ки бо нӯши лабам онро гуворо мекунам.
Гуфтӣ, чӣ мебинӣ, бигӯ дар чашми чун оинаам?
Гуфтам, ки ман худро дар ӯ урён тамошо мекунам.
Гуфтӣ, ки аз бетоқатӣ дил қасди яғмо мекунад,
Гуфтам, ки бо яғмогарон боре мадоро мекунам.
Гуфтӣ, ки пайванди туро бо нақди ҳастӣ мехарам,
Гуфтам, ки арзонтар аз ин ман бо ту савдо мекунам.
Гуфтӣ, агар аз кӯи худ рӯзе туро гӯям, «бирав»,
Гуфтам, ки сад соли дигар имрӯзу фардо мекунам.
Гуфтӣ, агар аз пои худ занҷири ишқат во кунам?
Гуфтам, зи ту девонатар, донӣ, ки пайдо мекунам
СИМИНИ БЕҲБАҲОНӢ
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев