Предыдущая публикация
Ғамамро булбуле к-овора шуд аз лона медонад.
Нагирям чун зи ғайрат,ғайр месӯзад ба ҳоли ман,
Нанолам чун зи ғам,ёрам маро бегона медонад.
Ба уммеде нишастам,шикваи худро ба дил гуфтам
Ҳамехандад ба ман,ин ҳам маро девона медонад.
Ба ҷони ӯ,ки дардашро ҳам аз ҷон дӯсттар дорам,
Вале мемирам аз ин ғам,ки донад ё надонад?
Ту огаҳ нестӣ к-андар сари зулфат чӣ хунҳо шуд,
Валекин мӯ-ба-мӯ ин достонро шона медонад.
Насиҳатгар,чӣ мепурсӣ илоҷи ҷони беморам?
Усули ин табобатро фақат ҷонона медонад.
Лоҳутӣ
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев