К-аз санг гиря хезад рӯзи видои ёрон.
…………………………………………………………………………….
Бо сорбон бигӯед аҳволи оби чашмам,
То бар шутур набандад маҳмил ба рӯзи борон.
………………………………………………………………………….. Эй субҳи шабнишинон, ҷонам ба тоқат омад,
Азбаски дер мондӣ чун шоми рӯзадорон. ………………………………………………………………………….. Бигзоштанд моро дар дида оби ҳасрат,
Гирён чу дар қиёмат чашми гуноҳкорон.
Саъдӣ, ба рӯзгoрон, меҳре нишаста бар дил,
Берун наметавон кард илло ба рӯзгoрон. …………………………………………………………………………. Чанде ки баршумурдам аз моҷарои ишқат,
Андӯҳи дил нагуфтам илло як аз ҳазорон.
Чандат кунам ҳикоят, шарҳ ин қадар кифоят,
Боқӣ, наметавон гуфт илло ба ғамгусорон
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев