Бари душманон нишастӣ, дили дӯстон шикастӣ.
Сари шонаро шикастам ба баҳонаи татовул,
Ки ба ҳалқа-ҳалқа зулфат накунад дароздастӣ.
Зи ту хоҳиши ғаромат накунад тане, ки куштӣ,
Зи ту орзуи марҳам накунад диле, ки хастӣ.
Касе аз харобаи дил нагирифта боҷ ҳаргиз,
Ту ба он хироҷ бастиву ба салтанат нишастӣ.
Ба қаламрави муҳаббат дари хонае нарафтӣ,
Ки ба покиаш нарафтиву ба сахтиаш набастӣ.
Ба камоли узр гуфтам, ки ба лаб расида ҷонам,
Зи ғурури ноз гуфтӣ, ки магар ҳанӯз ҳастӣ?
Зи тавофи Каъба бигзар, ту, ки ҳақ намешиносӣ,
Ба дари куништ маншин, ту ки бут намепарастӣ.
Ту, ки тарки сар нагуфтӣ, зи паяш чӣ гуна рафтӣ?
Ту, ки нақди ҷон надодӣ, зи ғамаш чӣ гуна растӣ?
Агарат ҳавои тоҷ аст, бибӯс хоки пояш,
Ки бад-ин мақоми олӣ нарасӣ магар ба пастӣ.
Магар аз даҳони соқӣ мададе расад, вагарна,
Кас аз ин шароби боқӣ нарасад ба ҳеҷ мастӣ.
Магар аз узор сар зад хати он писар, Фурӯғӣ,
Ки ба сад ҳазор тундӣ зи каманди шавқ ҷастӣ.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев