Предыдущая публикация
Ки атри ëди ту пур карда ошëнаи ман,
Чу шабнаме,ки чакад даври ғунчахои сафед,
Бубин ба синаи худ ашки дона-донаи манн.
Ту чилчароғи саодатфурзи бахти манӣ,
Ба ҷои моҳ ту партав фишон ба хонаи ман.
Шабе ба токи тани ташнаам гул афшондӣ,
Биҳишт бишкуфад акнун зи ҳар ҷавонаи ман.
Ба боли ëд супурдам тарона,то ки магар,
Расад ба гӯши ту гулбонги ошиқонаи ман.
Зи баргу бори танат завқи зиндагӣ хезад,
Биëву болу пар афшон даме ба лонаи ман.
Ба шавқи рӯйи ту ман зиндаам,Худо донад,
Барои зистан, инак туӣ,бахонаи ман.
Чӣ оташӣ ту,Худоро,ки шӯълаҳои ғамат,
Ба ëд дода шикеби самандаронаи ман.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев