Дар ҳоле офариниши худро аз ёд бурдааст, барои мо мисол меорад, ки чӣ касе ин устухонҳои пӯсидаро зинда мекунад?. Бигӯ: «Касе онҳоро зинда мекунад, ки дар оғоз офаридааст ва ӯ ба ҳар офаринише доност». (Сураи Ёси, оёти 77-79) Муфассирон Қуртбӣ, Абуҳаё ва Муҳаммад Алии Собунӣ зимни тафсири ин оёт чунин қиссаро ривоят намуданд: Рўзе Убай ибни Халаф дар дасташ устухонҳои пўсидаву хокистаршудаи одамеро гирифта, назди Паёмбари Худо (с) омад. Сипас он усухонҳоро назди Паёмбар (с) бо дастонаш пораву хок намуда, ба ҳаво пошиду гуфт: Эй! Муҳаммад ту гумон мекунӣ, ки ин устухонҳои пораву хокшударо Худованд аз нав зинда мекунад? Кӣ қудрат дорад, ки онҳоро дубора зинда кунад? Паёмбар (с) ба ин кофар, Убай ибни Халаф гуфт: Оре, Худованд он устухонҳои пўсидаро аз нав зинда мекунад. Баъд аз он туро ба оташи дўзах мепартояд, сипас Худованд оятҳои мазкурро нозил намуд, ки оё ин инсони кофир фаромўш кард Холиқи худро? Оё мо ўро аз як қатра оби палид халқ накардем? Оё ўро аз нестӣ халқ накардем? Ин инсони кофир масалу достонҳоро меораду Худоро айбдор карданӣ мешавад. Бигў ба ў эй Муҳаммад: Ин устухонҳоро ҳамон Зоти поке, ки аввалин бор аз олами нестӣ халқ намуд, аз нав дубора онҳоро зинда мегардонад. Ва Худованд ба ҳамаи чиз доност ва дақиқтарин чизҳоро медонад. Дарси ибрат: Дар муқобили қудрату гуфтаҳои Худованд далелу ҳуҷҷатҳои ақлию фалсафӣ овардан хатои маҳз аст. Чун Убай ибни Халаф барои худ далелу ҳуҷҷатҳои фалсафӣ аз нигоҳи ақл кўтоҳи башариаш овард.Ақли солим далолат ба он мекунад, ки Худованд инсонро аз адам аз як қатра об халқ намуд. Оё дубора халқу зинда кардани ў имкон надорад? Ҷавоби инсони солимақл ин аст: Албатта имкон дорад.Он Худои бузурге, ки инсонро аз нестӣ ба олами ҳастӣ халқ намуд, он Худованде, ки инсонро аз як қатраи об халқ намуд, бешак қодир аст, ки инсонро дубора аз нав баъди мурдану пўсидан зинда гардонад. Аз як қатра об халқ намудани инсон амри аҷибтар аст, инро бовар дорем, дубора қолаби инсонро зинда намуданашро чаро мункир мешаванд. http://www.odnoklassniki.ru/markhamatbaguruhiman
http://www.odnoklassniki.ru/markhamatbaguruhiman
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев