Ва касе, ки дар соати дуввум биравад, монанди касе аст, ки говеро хайр дода бошад. Ва касе, ки дар соати сеюм меравад, монанди касе аст, ки қушқори шохдореро хайр карда бошад. Ва касе, ки дар соати чорум биравад, монанди касе аст, ки мурғеро хайр кардааст. Ва касе, ки дар соати панҷум меравад, монанди касе аст, ки тухми мурғеро хайр карда бошад. Ва чун имом (барои хутба) бархезад фариштагон (авроқи навиштани савоби аъмолро мепушанд) ва машғули шунидани хутба мегарданд» [1] Муслим низ ривоятеро аз Абуҳурайра (р) меорад, ки мегўяд: Паёмбари Худо (с) фармуданд: «Беҳтарин рўзе, ки офтоб дар он тулуъ мекунад рўзи ҷумъа аст, дар он (яъне дар рўзи ҷумъа) Одам офирада шудааст, дар он ба ҷаннат ворид шудааст ва дар он аз онҷо (яъне аз ҷаннат) берун карда шудааст»[2]. Дар ин ҳадиси муборак касонеро, ки барои гузоштани намози ҷумъа меоянд ба панҷ мартаба тақсимбандӣ намудааст, ки ин панҷ мартаба дар лафзи ин ҳадис ба панҷ соат ёд шудааст. Имом Қайим (раҳ) дар китобаш «Зодул маод» чанде аз фазоил ва хасоиси рўзи ҷумъаро ҷамъоварӣ намудааст, ки ба шакли зеранд: * Одам (а) дар ҳамин рўз офарида шудааст. * Дар ҳамин рўз ба биҳишт ворид гаштааст. * Дар ҳамин рўз аз биҳишт берун шудааст. * Дар ҳамин рўз тавбааш пазируфта шудааст. * Дар ҳамин рўз вафот кардааст. * Дар ҳамин рўз нафхи сур сурат мегирад. * Дар ҳамин рўз қиёмат барпо мешавад. * Дар ҳамин рўз рўз як соат ва вақти муаяне аст, ки агар касе дар он вақт дуо кунад, дуояш қабул мешавад[3]. * Дар ҳамин рўз касе сураи Каҳфро бихонад аз ў нуре медурахшад, ки ба осмон мерасад, ва гуноҳонеро, ки байни ду ҷумъа муртакиб шудааст, бахшида мешавад [4]. * Дар ҳамин рўз садақа додан нисбат аз рўзҳои дигар фазилати бештаре дорад. Аз Абуаббос (р) ривоят аст, ки ў дар ҳоле, ки ба намози ҷумъа мерафт, гуфт: аз Паёмбари Худо (с) шунидам, ки гуфт: «Касе, ки қадамҳояш дар роҳи Худо ғуборолуд шавад Худованд оташи дузахро бар ў ҳаром мегардонад»[5]. Чунончи дар боло зикр намудем, дар ин рўз соат ва ё лаҳзае аст, ки агар дуои банда ба он вақт мувофиқат намояд, дуояш пазируфта мешавад. Чунончи Абуҳурайра (р) ривоят мекунад, ки Паёмбари Худо (с) рўзи ҷумъаро ёдоварӣ намуд ва фармуд: «Дар рўзи ҷумъа соате аст, ки агар бандаи мусалмон дар он соат намоз бихонад ва чизеро аз Худованд бихоҳад, дуояш радд намешавад», ва бо дасташ ишора ба камии он соат намуданд»[6]. Соҳиби китоби «Файзул Борӣ» бар ин аст, ки: дар таҳдиди эҳтимолии ин соат ақволи фаровоне аст, ончи, ки роҷеҳтар ба назар мерасад ин аст, ки ин соат монанди шаби қадр мубҳам аст, ва ҳикматаш ин аст, ки дар ҳамаи лаҳзаҳои рўзи ҷумъа ба зикру дуо машғул буда ба умеди раҳмати Парвардигораш бошад. Аммо, чунончи зикр намудем, назди Имом Қайим (раҳ) қавли роҷеҳ лаҳзаҳое қабл аз ғуруби офтоб аст. Дар фарҷом мавриди ёдоварист, ки бояд ин фармудаи Парвардигорро ҳамеша ба гуш дошта бошем, ки чунин мефармояд: «Эй касоне, ки имон овардаед чун азони намози рўзи ҷумъа гуфта шавад, ба намоз бишитобед ва хариду фурўшро тарк кунед. Агар бидонед, ин кор бароятон беҳтар аст. Ва чун намоз поён ёфт, (аз паи ризқу рўзӣ) дар замин пароканда шавед ва ризқи Худо талаб кунед ва Худоро (бо дил ва забон) бисёр (натанҳо дар вақтҳои намозҳои панҷвақта) ёдкунед, бошад, ки растагор шавед» (Сураи Ҷумъа: 9-10)
#хадис
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1