Пайгамбар С.А.В. -Дарҳои Ҷаннат дар аввали шаби Рамазон кушода мешаванд. Аз Абдуллоҳ ибни Умар (Р.а.) ривоят аст, ки гуфт: Ман Расули Худо (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам)-ро шунидам, ки мегуфтанд: Дарҳои Ҷаннат дар аввали шаби Рамазон, то охирин шаби он, кушода мешаванд ва ҳеҷ дарвозаи Ҷаннат (дар Рамазон) баста намешавад ва дарвозаҳои дузах аз аввали шаби Рамазон, то охирин шаби он баста мешаванд ва ҳеҷ дарвозае аз дузах боз намешавад ва шайтонҳо занҷирбанд карда мешаванд, ба хотири Рамазон ва ҳурмати он ва Аллоҳ Таъоло садозанадаеро ба осмони дунё мефиристад, дар осмони дунё аз аввали шаб, то субҳ дамидан, садо мезанад ва (мегуяд): «Эй талабкунандаи савоб, бишитоб! Оё дуъокунандае ҳаст, ки дуъояш қабул карда шавад? Оё ҳоҷатхоҳе ҳаст, ки ҳоҷаташ бароварда шавад? Оё талаби омурзиши гуноҳ мекардае ҳаст, ки гуноҳаш бахшида шавад? Оё тавбакунандае ҳаст, ки тавбааш пазируфта шавад? Ва барои Аллоҳ Таъоло, дар вақти субҳи ҳар шаби Рамазон озодкунандаҳое аз оташи дузах ҳаст, (ки шахсонеро аз оташи дузах наҷот медиҳад)». Дар ҳадиси дигаре, Паёмбар (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) фармудаанд: "Ҳарвақте моҳи Рамазон дохил шавад, дарҳои раҳмат(и Аллоҳ) кушода ва дарҳои дузах баста мешаванд ва шайтонҳо занҷирбанд карда мешаванд». Абуҳурайра аз Расули Худо (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) ривоят мекунад, ки фармуд: "Аввали шаби Рамазон раҳмат аст ва миёнааш мағфират ва охираш наҷот аз оташи дузах аст.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1
Арабӣ:
Ва лисавми ғаддин мин шаҳри рамазоналлазӣ фаризатан навайту.
Тоҷикӣ:
Ният кардам рӯзаи моҳи шарифи Рамазон аз субҳи содиқ то фурӯ рафтани офтоб.
Дуъои Ифтор:
Арабӣ:
Аллоҳума лака сумту ва бика оманту ва алайка таваккалту ва ало ризқиқа афтарту. Бираҳматика ё арҳамар роҳимин.
Тоҷикӣ:
Парвардигоро! Барои ризогии Ту рӯза доштам ва ба Ту имон овардам ва ба Ту такя дорам ва ба ризқи додаи Ту ифтор кардам.