Имрӯзҳо ин сухани раисҷумҳур бархеро баҳона шуда, ки мардуми вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшонро таънаву маломату муттаҳам ба ношукриву ҷинояткориву ҷудоихоҳӣ кунанд. Мехоҳам ба раисҷумҳур ва он бархеҳо бигӯям, ки мо – мардуми вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон – ба давлат кишвару миллат додаем. Ҳамагон медонанд, ки агар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон намебуд, кишвари Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам падид намеомад. Агар мардуми вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон худро тоҷик наменомид, имрӯз миллати тоҷик ҳам вуҷуд намедошт. Мо – мардуми вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон – бахше аз ҳастаи аслии миллати тоҷикро ташкил медиҳем. Тоҷикон бе бадахшониён миллат намешаванд, чунон ки бе дигар ҳаммеҳанонамон низ ҳам. Тоҷикистон бе Кӯҳистони Бадахшон кишвар намешавад, бе дигар вилоятҳо низ ҳамчунин. Мо бе ин давлат ҳам метавонем вуҷуд дошта бошем, чуноне ки ҳазор сол бе он ҳам зистем. Аммо ин давлат бе мо наметавонад вуҷуд дошта бошад. Миллат ва кишвар ҳастанд, ки давлатро ташкил медиҳанд ва ҳувияту машруъият мебахшанд. Аз ин рӯ, давлатдорони Тоҷикистон набояд аз миллат бипурсанд, ки ба давлат чи додааст, балки бояд аз худ бипурсанд, ки ба ин миллат чи додаву чиҳо бояд бидиҳанд. Давлат аз барои беҳбуди зиндагонии миллат аст, на миллат аз барои беҳбуди зиндагонии давлатдорон. Инро Қонуни асосии Тоҷикистон мегӯяд. Агар давлат бо ин асл мухолиф аст, пас ҳукуматаш қонунӣ нест.
----------------------------------------
Заявление президента вызвало неоднозначную реакцию в памирском обществе. В Хороге заговорили о повторении событий 2012 года, когда при проведении операции власти задействовали вертолеты, с которых обстреливался город. Однодневная война унесла жизни 21 мирного жителя и более 200 солдат таджикской армии. http://vestikavkaza.ru/analytics/Rakhmon-prikazal-navesti-poryadok-na-Pamire.html
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 15