Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон
Бародарон ва хоҳарони гиромӣ!
Инак, тарҳи куллии барномаҳои Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) дар дасти Шумо қарор дорад. Ин барномаҳо шомили даҳ арсаи асосии рушди кишвар дар оянда аст, ки аз нигоҳи ПМТ метавонад замина ва чорчӯби куллӣ барои ислоҳот ва рушди ҳамаи самтҳо ва масоили умумии кишвар қарор бигирад.
Бешак, доираи мавзӯот, ба маротиб бештар аз ин даҳ самт мебошанд, ки ҳамаи онҳо, бо тафсил, шомили ин барнома нагаштаанд. Дар ин барнома, муҳимтарин дидгоҳҳо, роҳкорҳо ва иқдомоти амалии ПМТ барои се соли аввали пас аз тағйири ҳокимият дар Тоҷикистон, оварда шудаанд. Табиист, ки ҳар кадом аз ин самтҳо ва мавзӯот, дар навбати худ ниёз ба барномаҳои муфас-сали соҳавӣ доранд, ки дар марҳилаи иҷроӣ шудани ин барнома, бо назардошти шароитҳои мутағаййир бояд таҳия шаванд.
Ин ки кишвари мо дар як бӯҳрони амиқи сиёсӣ, иқтисодӣ ва сохторӣ гирифтор аст, ба касе пӯшида нест. Натиҷаи ин бӯҳрон ҷойгир шудани Тоҷикистон дар радифи понздаҳ кишвари қашшоқтарини дунё мебошад. Бадтар аз ҳама, набуди як барнома ва дид-гоҳи мушаххас, барои берун овардани кишвар аз ин вазъият аз тарафи ҳукумат мебошад. Бинобар ин, зару-рати ҷойгузинии ин ҳукумат ва низоми феълӣ, бо як ҳукумат ва низоми мардумӣ ва дорои барномаҳои ҷо-меъ, тавассути худи мардум, барои миллат қобили дарк хоҳад буд.
Паймони Миллии Тоҷикистон на танҳо ин зару-ратро дарк менамояд, балки худро омодаи ба дӯш ги-рифтани мудирияти ояндаи кишвар ва анҷоми исло-ҳоти зарурӣ низ мебинад. Барои ба дӯш гирифтани масъулият ва мудирияти кишвар, танҳо изҳори омо-дагӣ кофӣ набуда, балки вуҷуди се омили зер зарурист:
а) дидгоҳи равшани сиёсӣ;
б) барномаи амалӣ;
в) вуҷуди кадрҳои мутахассис.
ПМТ пас аз се сол таҳқиқ, машварат ва гуфтугӯ бо нерӯҳои ватанӣ, мутахассисон ва фаъолони сиёсиву ҷамъиятӣ, ба ин натиҷа расидааст, ки ҳар сеи ин омил-ҳо барои пазируфтани масъулият вуҷуд доранд.
ПМТ бар ин бовар аст, ки тағйир додани як низоми диктотурии инҳисорталаб, дар ҳар кишваре, кори осон нест. Ин роҳ қурбониҳо, душвориҳо ва рискҳое ҳам до-рад. Аммо таҷрибаи миллатҳои озод ва пешрафта ни-шон додааст, ки ҳеч миллате бидуни қурбонӣ ва душво-риҳо натавонистааст ба истиқлолият ва пешрафт ноил гардад. Ва таъхир ҳам дар ин кор метавонад душвориҳо ва қурбониҳоро бештар кунад.
Яке аз эродҳои баҳаққе, ки ҳамеша ба нерӯҳои сиё-сӣ ворид мешуд, надоштани барнома ва дидгоҳи рав-шани сиёсӣ барои мудирияти ояндаи кишвар буд. Инак, бо нашри ин барнома, ин эрод низ бартараф-шуда ба шумор меравад.
Ҳамчуноне ки дар муқаддимаи ин барнома омада-аст, ин санад вобаста ба шароит ва омилҳои иваз-шаванда қобили ислоҳ ва тағйирот мебошад, то вижа-гии воқеъбинона ва амалгароёна будани худро аз даст надиҳад.
Ба ҳамаи касоне, ки дар омода кардани ин барнома машварат ва кӯмаки худро дареғ надоштанд, аз номи худ ва ҳамаи аъзову ҷонибдорони Паймони Миллии Тоҷикистон миннатдорӣ баён мекунам.
Ба умеди пирӯзии Миллат!
давомашро дар линки зер хонед! https://segodnya.today/tj/?p=1962 https://segodnya.today/tj/?p=1962 https://segodnya.today/tj/?p=1962

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев