Пурсиш : Намрози ид воҷиб аст ё суннат ?
Посух : Намози ид воҷиб аст. Ба хар касе, ки намози ҷумъа воҷиб аст, намози идҳам воҷиб мебошад. Ва ҳамон шартҳое, ки барои намози ҷумъа лозим буданд барои намози идҳам лозим хастанд. Албатта хутба дар идайн фарз нест ва пеш аз намоз хонда намешавад, хондани он баъд аз намоз суннат аст.
Пурсиш : Намози ид чанд ракаат аст? ва чи гуна хонда мешавад?
Посух : Намози ид, ду ракаъат аст ва ба шарҳи зер хонда мешавад :
Барои намози ида азон ва такбир лозим нест.
Пеш аз хондани намоз чунин ният кунад, ки намози воҷиби фитрро бо шаш такбири зоида пушти сари имом адо мекунам (шарт нест бо забон талаффуз кунад бо қабл ин ниятро кунад қофи аст). Онгоҳ такбир гуфта, дастҳоро бандад ва “СУБҲОНАКАЛЛОҲУМА....”ро то охир бихонад. Сипас дастро баланд карда такбир гӯяд ва дастҳоро раҳо кунад. Бори дуввум дастҳоро баланд карда ва такбир бигӯяд ва дастҳоро раҳо кунад. Бори саввум низ дастҳоро то гӯшҳо баланд карда, такбир гӯяд ва сипас дастҳоро бибандад.
Онгоҳ имом таъвиз, тасмия, сураи фотиҳаро бо ҳамроҳи сурае дигаре хонда, рукӯъ кунад. Ҳангоме, ки барои ракаати дуввум баланд шавад, нахуст фотиҳа ва қироат бихонад ва чун аз қироат фориғ шавад, дастҳоро то гӯшҳо баланд карда, такбир гӯяд ва дастҳоро раҳо созад, бори дуввум ва саввум низ чунин кунад, бори чаҳорум такбир гуфта ба рукӯъ равад ва барҳасби маъмул, намозро ба поён бирасонад. Дар хотима имом баланд шавад ва хутба бихонад ва ҳама мардум хомӯш бинишинанд ва ба хутба гӯш диҳанд.
Дар идайн низ, ду хутба вуҷуд дорад ва дар миёни ҳарду нишастан суннат аст.
Хутбаи иди Фитр
Хутбаи аввал
Аллоҳу Акбар, Аллоҳу Акбар, лоилоҳа иллаллоҳу валлоҳу Акбар, Аллоҳу Акбару ва лиллоҳил ҳамд. Субҳона ман акрамано байнал аноми би сиёми шаҳри рамазон. Аллоҳу Акбар, Аллоҳу Акбар лоилоҳа иллаллоҳу валлоҳу Акбар, Аллоҳу Акбару ва лиллоҳил ҳамд. Субҳона ман фатаҳа алассоимина абвобар раҳмати би духули шаҳри рамазон. Ва авҷаба ало нафсиҳи ҷазоа сиёмиҳим фи шаҳри рамазон. Ва ваъада алассоимин алқоимина биддухули вал хулуди фи ғурафил ҷинон. Камо қола набиюно набию охируззамон “ Инна фил ҷаннати бобан юқола лаҳу раййон ло ядхулуҳу илло ассоимуна фи шаҳри рамазон”
Аллоҳу Акбар, Аллоҳу Акбар, лоилоҳа иллаллоҳу валлоҳу Акбар, Аллоҳу Акбару ва лиллоҳил ҳамд. Ва нашҳаду алло илоҳа илаллоҳу ваҳдаҳу лошарика лаҳ, алмалик алманнон. Ва нашҳаду анна Муҳаммадан абдуҳу ва расулуҳ саллаллоҳу алайҳи ва ало олиҳи ва асҳобиҳ салотан мусилатан ило дорил ҷинон.
Аммо баъд: иъламу анна ҳозашшаҳр шаҳрун шариф ва ъидун латиф лил хавоси вал авом ва ъаззиму ҳозал аййом бил инъом вал иҳсон ва исолул арҳом ва итъомуттаъом алҷиъон. Боракаллҳу ли ва лакум ва ли соирил муслимина мо фил Қурон.
Хутбаи дуввум
Алҳамдулиллоҳ ассалому вассалому ало расулиллоҳ ва ало олиҳи ва асҳобиҳи ва ман волоҳ.
Аммо баъд, акриму ҳозал явм биттаҳалили ва тасбиҳи ва тиловатил Қурон. Ва фил хабар “ман сома рамазона ва саллал ида фақад ҳаррамаллоҳу ҷасадаҳу аланнор”.
(шарт нест ҳатман ҳамин хутаба хонда шавад)
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев