Предыдущая публикация
Ки биёию дар ин тангии дил ҷо бишавӣ.
Ту фақат омада будӣ, ки дил аз ман бибарӣ?
Биравӣ, дур шавӣ, қиссаву рӯъё бишавӣ?
Инқилобе шуда дар синаи ман, фитнаи туст,
Сабзии чашми ту боис шуда, расво бишавӣ.
Ман пасандози диламро ба ту додам, ки ту ҳам,
Бимаи умри дилам рӯзи мабодо бишавӣ.
Ғарқи ишқи ту шудам, балки ту шояд рӯзе,
Дил ба дарё бизанӣ, озими дарё бишавӣ.
Ҳайфи мо нест, ки як завҷи муваффақ нашавем,
Ҳайф аз ин нест, ки ту ин ҳама танҳо бишавӣ.
Нами борон, лаби дарё, ғами ту, танги ғуруб,
Дили ман танги ту шуд, кош ки пайдо бишавӣ.******
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев