Шахсе намози ҷумъаро адо кунад, оё намози пешинро низ мегузорад?
ПОСУХ:
Намози ҷумъа фаризаи вақт, яъне дар ивази пешин мебошад. Вақте шахс онро адо кунад, намози пешинро намехонад. Чунки Худованд бар бандагон дар як вақт танҳо як фариза-ҷумъаро муқаррар карда аст. Бинобар ин хондани намози пешин баъд аз намози ҷумъа бидъат аст. Зеро ин тариқа дар Қуръону суннат ворид нашуда аст. Ҳатто агар дар як шаҳр чанд ҷумъа ҳам иҷро гардад, набояд ҳамроҳаш пешин хонда шавад.
Касоне мегӯянд: “Дар як шаҳр ҷанд намози ҷумъа адо кардан ҷоиз нест. Вақте чанд ҷумъа гузорида шавад, танҳо аввалини он ҷоиз мегардад ва модоме аввалини он муайян нагардад, пас, ҳамааш ботил мешавад. Бояд баъд аз он намози пешин гузорида шавад.” Дар ҷавобашон мегӯем:
Барои ин гуфтаву иллати овардаатон аз куҷо далел меоваред?! Оё онро бар асоси ҳадис ва ё бо қиёси саҳеҳ мегӯед?! Албатта, не.
Балки қавли дуруст он аст, ки модоме ҷанд ҷумъа ба хотири эҳтиёҷ афтодан барпо шуда бошад, пас, ҳамаи он ҷоиз мешавад. Зеро Худои мутаол мефармояд: "Аз Худо то тавон доред, битарсед". Модоме, ки сокинони як шаҳр ба сабаби дур будани макон, ё танг будани масҷид чанд намози ҷумъа барпо карданд, пас, онҳо ба қадри тавон аз Худо тарсидаанд. Ҳар ки ба қадри тавон аз Худо тарсида, фармони Ӯро иҷро кунад, фарзи бар уҳдааш бударо адо карда аст. Пас, чигуна ба онҳо мегӯем, ки амали фосид анҷом додаед ва бояд ивази он-намози пешинро бигузоред?!
Вале агар бидуни ҳоҷат дар ҷойҳои гуногуни шаҳр намози ҷумъа барпо шавад, ҷои шак нест, ки ин амал бар хилофи суннати Расули Худо (с) ва хулафои рошидин буда, он назди аксари донишмандон нораво ва ҳаром аст. Валекин, бо вуҷуди он наметавонем, бигӯем, ки намозашон саҳеҳ нашуд. Зеро дар ин ҳолат масъулияти ин амал бар уҳдаи мардуми омма нест, балки набояд масъулону раҳбарон, бидуни ҳоҷат барои барпо гаштани чанд ҷумъа иҷозат диҳанд.
Сипас метавон гуфт, раҳбарону масъулони вобаста ба умури масоҷид набояд, бидуни ҳоҷат барои барпо гаштани чанд ҷумъа иҷозат диҳанд. Зеро Соҳиби шариат аз ҷамъ омадани мусалмонон дар ибодатҳо фоидаҳои зиёд, монанди улфату муҳаббат ва таълими мардуми бесаводро мехоҳад, ки он дар парокандагӣ ба ҷо намеояд.
Аз ин хотир, чуноне машҳур аст, дар шариат ибодатҳо дар шаклҳои дастаҷамъӣ, ҳафтаина, солона ва рӯзона муқаррар гашта аст. Ибодатҳои ҳаррӯза аз ҷамъомадан дар масҷиди маҳалла иборат аст. Зеро агар Соҳиби шариат ҳар панҷ маротиба ҷамъ омадани сокинони шаҳрро дар якҷо фарз мекард, машаққат ба вуҷуд меомад. Аз ин хотир барои сокинони ҳар маҳала дар маҳаллаи худ ҷамъ омаданро машрӯъ гардонид.
Аммо дар ҷамъомади ҳафтаина - рӯзи ҷумъа - суннат он аст, ки мардуми шаҳр ҳар ҳафта дар як масҷид ҷамъ омада, намозро адо кунанд. Зеро ин ҷамъомад барояшон машаққат набуда, дар он фоидаи зиёд нуҳуфта аст. Чунки ҳама дар як масҷиду як намозу як имому як хатиб ва як раҳнамоӣ ҷамъ меоянд.
Аммо ҷамъомади солона, монанди намози идайн низ барои ҳамаи сокинони шаҳр муқаррар гашта аст. Аз ин хотир, ба ҷуз дар ҳолатҳои ниёзмандӣ дар чандин масоҷиди шаҳр барпо кардани намози ид ҷоиз нест.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев