Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо нишони эътироз ба ҳукми суд нисбат ба адвокат Шуҳрат Қудратов дар назди сафорати Тоҷикистон бо “плакат” ҳозир шудааст.
Хурсанд Хуррамов, ҷавони тоҷик, ки ба ин амал даст задааст, дар суҳбат бо TojNews гуфт, ки нисфирӯзии 14-уми январ бо нишони эътироз ба ҳабси Қудратов барои 9 сол ба назди сафорат омада, норизоятии худро нишон дод.
Ӯ ҳабси Шуҳрат Қудратовро “ҳабси ҳар як тоҷики озодихоҳ ва ва мубориза барои озодии Шуҳратро мубориза барои озодии ҳар тоҷик” медонад.
Хуррамов ба ин бовар аст, ки ҳукми суд нисбат ба Қудратов дур аз адолати судӣ буд ва он як парвандаи ошкоро сиёсист, ки ба фаъолиятҳои касбии Шуҳрат Қудратов дахл дорад.
Хуррамов дар сабаби танҳо даст ба эътироз заданаш мегӯяд, қавонини Русия ба намоишҳои эътирозӣ, ки бо шумули як нафар иҷозат медиҳанд, нахостам, ки қонуни ин кишвар нақз шавад.
Хурсанд Хуррамов мегӯяд тӯли муддате, ки дар даст плакат он ҷо истод, касе аз масъулин ва кормандони сафорат пешаш набаромаданд ва бо ӯ ҳамсуҳбат нашуданд.
Қаблан, Файзинисо Воҳидова, адвокати шинохтаи тоҷик низ бо нишони ҳамраъйӣ ба ҳамкасби худ эълон карда буд, ки аз 14-уми январ корпартоӣ хоҳад кард ва ҳамкасбонашро низ даъват карда буд.
13-уми январ Шуҳрат Қудратов, адвокати боздоштшуда бо ҳукми Суди шаҳри Душанбе ба 9 соли зиндон маҳкум шуд. Судя бо дастрасӣ ба моддаҳои 247- қаллобӣ, 320-пешниҳоди пора ва 36-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон- барои таҳрик ба ҷиноят адвокати Зайд Саидовро барои 14 сол равонаи зиндон кард.
Тибқи қонуни авф ва ҷиҳатҳои сабуккунандаи ҷазо, суд аз 8 соли ҳукм барои қаллобӣ ва 6 сол барои пешниҳоди пораву таҳрик ба ҷиноят, 6 солро кам кард.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев