Вакилони парламенти Тоҷикистон созишнома миёни Ҳукумат ва Бонки содироту воридоти Чинро барои гирифтани қарз ба тасвиб расонданд.
14-уми январ дар ҷаласаи парламент Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали вазири молия лоиҳаи «Сохтмони корхонаи истеҳсоли криолит ва фториди алюминий ва корхонаи истеҳсоли кислотаи сулфат дар ҳошияи таҷдиди Талко» ба вакилон муаррифӣ кард.
Ба гуфтаи Нуралиев, тибқи ин Созишнома Тоҷикистон аз Чин Бонки содироту воридоти Чин 88,5 миллион қарз мегирад. Бояд ин қарзро дар давоми 35 сол баргардонад. Қарзро дар муддати пешбинишуда «Талко» бояд баргардонад.
Ин маблағ дар Тоҷикистон барои бунёди корхонаи истеҳсоли криолит ва фториди алюминий, корхонаи истеҳсоли кислотаи сулфат харҷ хоҳад шуд. 90%-таҷҳизот ба Тоҷикистон ворид шуда, ҳудуди 40%-и корҳо барои бунёди корхонаҳо анҷом ёфтааст.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон аз муовини вазири молия суол кард, ки ки чаро маблағро «Талко» мегирад, аммо Созишномаро ҳукумат мебанданд?
Ҷамолиддин Нуралиев, посух дод, ки Бонки содироту воридотии ҷумҳурии Хитой шарт доранд, ки созишномаҳоро бо ҳукумат мебанданд ва дар сурати сари вақт баргардонидани қарз аз ҳукумат талаб кунанд.
Шералӣ Кабиров, менеҷменти КВД «Талко» дар назди вакилон гуфт, ки ба фаъолият шуруъ кардани корхонаҳои дар боло зикршуда зиёда аз 700 ҷойи кори шароит фароҳам меоранд. Дар ҳоле, ки дар кишварҳои дигар корхонаҳои истеҳсоли алюминий теъдоди кормандонашонро кам карда ва истеҳсолотро бо назардошти талаботи бозори ҷаҳонӣ коҳиш додаанд.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев