Дар чорабинӣ намояндагони бонкҳои марказӣ ва танзимгарони молиявӣ аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Ӯзбекистон ширкат варзиданд.
19 сентябр ҳайати иштирокчиён бо сафари шиносоӣ аз филиали ҶСК «Тавҳидбонк» дар шаҳри Хуҷанд боздид намуданд. Меҳмонон бо фаъолияти филиал, хизматрасонии муштариён ва маҳсулоти асосии бонкдории исломӣ шинос шуданд. Ҳамчунин, дар толори конфронс Ҷураева Меҳрангез Ниматуллоевна бо презентатсияи амалии худ мавзӯи «Маҳсулоти асосии бонкдории исломӣ»-ро муаррифӣ намуд.
Дар анҷом, барои меҳмонон кофе-брейк ташкил карда шуд ва аз номи роҳбарияти «Тавҳидбонк» тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев