Ҳасад худ мухолиф ё нақизи «ҳубб», яъне дӯст доштан аст, «ҳубб» ин таманнои хайр барои дигарон аст, пас ба ибораи дигар метавон гуфт, ки ҳасад орзӯи заволи неъмат аз касе аст, ки инсони ҳасуд ба ӯ рашк мебарад.
Ҳасад худ як навъ бемории муҳлики дарунӣ аст, ва он қадар зишт аст, ки Худои муттаол ба паёмбараш дустур додааст то аз шарри шахси ҳасуд ба Худо паноҳ бубарад.
Чунончи ӯ таоло мефармояд:
«ва аз шарри ҳасуд чун ҳасад меварзад!»
(Сураи Фалақ, ояти 5)
Ҳасад сабабҳои зиёди пайдоиши худро дорад, ки баъзе аз онҳоро метавон чунин хулоса намуд:
Кина
Душманӣ
Худписандӣ
Риёсатталабӣ
Бадтинатӣ
Бухл
Ва ҳамаи бемориҳои дарунӣ ва нафсонӣ.
Бинобар ин ҳасад беморӣ ва осебҳои рафтории зиёде ба дунбол дорад ва қабл аз ҳар чизи дигаре ба дину имони шахс ва муҳаббату дӯстии муъминон бо якдигар осеб мерасонад ва фасод ва табоҳии фаровоне ба миён меорад.
Ба таври хулоса метавон гуфт, ки ин бемории ахлоқӣ дар миёни дӯстону бародарон, ҳамкорон, писарамакҳо, бозаргонон ва рақибони тиҷорӣ, донишмандон ва дигар касоне, ки бо ҳам робитаи корӣ ё пайванди дигаре доранд, беш аз ҳама ба чашм мехурад
Паёмбар фармудааст:
لا تَبَاغَضُوا، وَلا تَحَاسَدُوا، وَلا تَدَابَرُوا، وَكُونُوا عِبَادَ اللَّهِ إِخْوَانًا
«Байни ҳам ҳасад наварзед, қатъи робита накунед, нафрати ҳамдигар накунед, аз ҳамдигар рӯй нагардонед, бандаҳои Худованд (ҷ) ва байни ҳам бародар бошед[1]».
Анас (р) мегӯяд: Рӯзе назди Расулуллоҳ нишаста будем, ӯ фармуданд: «Ҳозир аз ин тараф марде аз аҳли ҷаннат ворид мегардад». Ровӣ мегӯяд: Пас марде аз ансор ворид шуд, дар ҳоле ки нав аз вузӯ гирифтан фориғ шуда буду бо дасти рост риши худро аз об пок мекард ва кафшҳояшро бо дасти чап мебардошт. Рӯзи дигар боз ҳамин ҳодиса такрор шуд ва боз ҳамон мард дохил шуд ва рӯзи саввум низ ҳамчунон. Чун Набии акрам аз ҷой бархоста рафтанд, Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос думболи ӯ рафт ва ба ӯ гуфт: Алоқаам бо падарам нохуб шудааст ва савганд ёд кардам, ки то се рӯз бо ӯ сухан ва дидор намекунам. Агар маро то се рӯз назди худ ҷо медодед? Он мард қабул намуд ва Абдуллоҳ назди ӯ се шабонарӯз монд ва лекин аз ӯ на намози шаб диду на чизи дигар, танҳо шаб бо зикри Худо сар ба болин мегузошт ва бомдодон барои намози бомдод аз хоб бармехост ва се рӯз ба ҳамин минвол гузашт ва лекин мегӯяд ровӣ: ғайр аз ин ки аз ӯ ҷуз каломи хайр чизе нашунидам ва чун рӯзи сеюм шуд ва қариб буд, ки ин амалҳои ӯро дар баробари васфе, ки расули Худо ӯро намуда буд ночизу камарзиш шуморам. Ба ӯ гуфтам: Эй Абдуллоҳ! Байни ман ва падарам ҳеҷ нофаҳмӣ ва ҷанҷоле нашуда буд ва лекин аз расули Худо шунидам, ки дар шаъни шумо чунину чунон мегуфт ва хостам амали шуморо бубинам ва дидам, ки шумо он қадар амали зиёд ҳам надоред, пас чи чиз шуморо ба ин дараҷа расонид? ӯ гуфт: ман ҷуз он чи, ки дидед амали дигаре надорам. Ва чун қасди берун шудан намудам, маро ба наздаш хонда гуфт: Ман амале намекунам ҷуз оне ки дидӣ, лекин дар дили худ нисбати ягон мусалмон кинаву нафрат надорам ва бар хайре, ки Худо бар онҳо ато намудааст, ҳасад намебарам. Абдуллоҳ мегӯяд ба ӯ гуфтам: ана ин ҳамон чизе аст, ки туро ба ин ҷойгоҳ расонидааст, ва ҳамон чизе аст, ки берун аз тавони мо аст.
Ҳасад реша дар ҳадафҳои муштараки ду ё чанд нафар дорад, ки эҳсос мекунанд вуҷуди ҳар яке аз онҳо музоҳимате барои дигар аст ва омили он чизе ҷуз муҳаббати дунё нест. Пас камтарин паёмади ҳасад бар касоне, ки чунин эҳсосе нисбат ба ҳам доранд, дунё барояшон танг мегардад.
Дармони бемории ҳасад.
Барои пешгирӣ аз ин бемории дарунӣ чанд дармоне вуҷуд дорад, ки баъзе аз онҳо чунинанд:
1- Бояд донист, ки ҳасад дар дунё ва охират бар зарари худи шахси ҳасадхур тамом мешавад ва ҳеҷ осебе ба шахсе, ки мавриди ҳасодат қарор гирифтааст, намерасонад ва неъматро ҳам аз ӯ боз намедорад. Бинобар ин барои ҳасадхур ғайр аз ҳасрату пушаймонӣ ва аз даст додани дину дунё чизе дигар намерасад.
2- Ҳамвора бояд паёмадҳои ногувореро, ки ин беморӣ дар дунё ва охират дорад, ба ёд дошт бошем ва аз хотир набарорем, ки Худои бузург ҳасодатро дӯст намедорад, ҳамчуноне, ки ин беморӣ барои Паёмбари Худо (с) низ нохушоянд будааст.
3- Панд гирифтан аз оёт, аҳодис, достонҳо ва он чи, ки дар бораи ҳасадхурон ва паёмадҳои ҳасодаташон омадааст, таъсири бузурге дар пешгирӣ аз ин бемории хатарзо ва дармони он дорад.
4- Фарди мусалмон бояд ҳар бор, ки дар фикраш зарае хаёли ҳасад хурдан ҷой мегирад худашро ба муҳосиба кашида сарзаниш кунад ва ҳар чи зудтар даст аз ҳасад ба бародараш бикашад ва барои ӯ дуои хайр карда аз Худо бихоҳад, ки Худо боз ҳам неъматашро афзун намояд.
Баъзе аз донишмандон баён доштаанд, ки мушкиле нест агар банда барои худаш низ чунин неъматеро бихоҳад, албата ба он шарт, ки хоҳони заволи неъмат аз бародараш ё аз дигарон набошад.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев