Дар тарҳи истеъмории Амрико барои тақсимоти Ғазза ба ду минтақа, ки рӯзномаи Гардиан онро ошкор кардааст, яке аз минтақаҳо зери назорати ишғолгарони саҳюнист ва нерӯҳои байналмилалӣ қарор мегирад ва дигаре бе бозсозӣ ва зери назорати фаластиниҳо хоҳад буд.
Ба гузориши ТоҷикПресс, Иёлоти Муттаҳида зери як тарҳи истеъморӣ мувофиқи он чӣ рӯзномаи Гардиан гузориш додааст, дар ҳоли барномарезӣ барои тақсимоти дарозмуддати Ғазза ба як “минтақаи сабз” зери назорати низомии режими Исроил ва нерӯҳои байналмилалӣ аст, ки бозсозӣ аз он ҷо оғоз мешавад. Ҳамчунин минтақаи дигар зери унвони “минтақаи сурх” аст, ки ба таври вирон раҳо мешавад.
Гардиан дар ин гузориш унвон кард, ки тақрибан ҳамаи фаластиниҳо ба “минтақаи сурх” рафта ва дар он ҷо овора мешаванд, ки дар он ҷо ҳеҷ бозсозӣ дар барномаи ин тарҳ нест.
Мувофиқи гуфтаи манбаъҳои огоҳ ва санадҳои барномарезии низомии Иёлоти Муттаҳида, ки ба дидани Гардион расидааст, нерӯҳои хориҷӣ дар ибтидо дар канори низомиёни исроилӣ дар шарқи Ғазза ҷойгир хоҳанд шуд ва навори вайроншудаи Ғазза, ки бо “хати зарди” феълӣ тақсим шудааст, раҳо мешавад. https://tajikpress.com/2025/11/16/%d1%82%d0%b0%d1%80%d2%b3%d0%b8-%d0%b8%d1%81%d1%82%d0%b5%d1%8a%d0%bc%d0%be%d1%80%d0%b8%d0%b8-%d0%b0%d0%bc%d1%80%d0%b8%d0%ba%d0%be-%d0%b1%d0%b0%d1%80%d0%be%d0%b8-%d1%82%d0%b0%d2%9b%d1%81%d0%b8%d0%bc/


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев