Мушовири собиқи Трамп даъват кард, ки Украина ҷангро бохтааст ва ҳамаи қарорҳои қабулшуда дар замони Байден бознигарӣ карда шаванд.
Мушовири собиқи Трамп даъват кард, ки Украина ҷангро бохтааст ва ҳамаи қарорҳои қабулшуда дар замони Байден бознигарӣ карда шаванд.
Майкел Флинн, мушовири Доналд Трамп, президенти ИМА дар давраи аввали раёсаташ изҳор дошт, ки “Украина ҷангро бохтааст” ва ИМА бояд фавран роҳи халосӣ аз ин вазъияти фоҷиаборро пайдо кунад ва ҳамаи қарорҳои дар замони президенти собиқ Ҷо Байден қабулшударо аз нав дида барояд.
Флинн дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтааст: “ҷанг дар Украина бохта шуд ва ИМА бояд ҳамаи қарорҳои дар замони маъмурияти Байден қабулшударо аз нав дида барояд. Ин як фалокат аст ва мо бояд фавран роҳи халосӣ барои ИМА-ро пайдо кунем”.
Кирилл Дмитриев, роҳбари Фонди сармоягузории мустақими Русия ва намояндаи махсуси президент оид ба сармоягузорӣ ва ҳамкории иқтисодӣ бо кишварҳои хориҷӣ, дар шарҳи ин изҳорот гуфт, ки “ривоятҳои қалбакии Байден нобуд карда шудаанд”.
Ин дар ҳолест, ки президенти ИМА Доналд Трамп ахиран дар Кохи Сафед ба хабарнигорон гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида дигар Украинаро маблағгузорӣ намекунад, балки барои таъмини силоҳ тавассути НАТО пул мегирад. https://tajikpress.com/2025/11/15/%d0%bc%d1%83%d1%88%d0%be%d0%b2%d0%b8%d1%80%d0%b8-%d0%bf%d0%b5%d1%88%d0%b8%d0%bd%d0%b8-%d1%82%d1%80%d0%b0%d0%bc%d0%bf-%d1%83%d0%ba%d1%80%d0%b0%d0%b8%d0%bd%d0%b0-%d2%b7%d0%b0%d0%bd%d0%b3%d1%80%d0%be/


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев