Конфронси муассисаи Ховари Миёна, дар ҳошияи нишастҳои Маҷмаъи умумии Созмони Милал дар Нию-Йорк баргузор шуд.
Дар ҳошияи Маҷмаъи умумии Созмони Милал, ҷое, ки дипломатҳо сарнавишти Ховари Миёнаро мебофанд, Аҳмад Аш-Шаръ, саркардаи гурӯҳҳои мусаллаҳи Таҳрир-уш-шом, рӯи саҳнаи конфронси муассисаи Ховари Миёна қадам гузошт.
Эътирофи талх дар бурҷҳои шешаӣ
Беш аз 250 чашми нофиз, аз дипломатҳои ғарбӣ то тоҷирони фурсатталаб, ба ӯ хира шуда буданд. Аш-Шаръ, ки худро раиси давлати интиқолии Сурия хонда, бо садои ларзон ҳушдор дод: имзои тавофуқи амниятӣ бо режими саҳюнистӣ, на як гузина, ки як зарурат аст; Ва-гарна, танишҳо, чун суномӣ бар минтақа ҳуҷум хоҳанд овард. Ӯ сареҳ гуфт: “мо касоне нестем, ки барои Исроил дардисар бисозем; мо аз онҳо метарсем.” Ин эътироф, чун ханҷаре бар пайкараи ғурури арабӣ, фазои салонро масмум кард. Аш-Шаръ аз нақзҳои мукаррари ҳарими ҳавоӣ ва таарруз ба хоки муқаддаси Сурия сухан гуфт ва афзуд: таъхир дар музокирот, хатаре аст, ки ҳамаро ба вартаи вайронӣ мекашонад. Аммо ин суханон, беш аз онки ҳушдор бошад, фарёди таслим ба назар мерасад; таслиме, ки Вашингтон ва Телавив бо лабханди пинҳон, онро ҳидоят мекунанд.
Нақшаи масмум: такрори Осло дар баландиҳои Ҷавлон
Пешнависи тавофуқи амниятии, ки режими саҳюнистӣ чанд ҳафтаи пеш ба Димишқ таҳвил дод, чун нақшае аз ҷаҳаннам тарроҳӣ шуда: минтақаи васеъ аз ҷануби ғарби Димишқ то марзҳои ишғолии Фаластин, ба зунҳои низомӣ тақсим мешавад, ҷое, ки ҳавопаймоҳои сурӣ мамнуъолуруд ҳастанд. Ин пешниҳод дар воқеъ эҳёи рӯҳ тавофуқҳои Осло аст; ҳамон паймоне, ки се даҳаи пеш, Ташкилоти худгардони Фаластинро ба занҷир кашид ва дар изои бақои муваққат, ҳокимиятро ба бод дод. https://tajikpress.com/2025/09/27/%d1%81%d0%be%d1%8f%d0%b8-%d1%82%d0%b0%d1%81%d0%bb%d0%b8%d0%bc-%d0%b1%d0%b0%d1%80-%d1%80%d3%af%d0%b8-%d0%b4%d0%b8%d0%bc%d0%b8%d1%88%d2%9b/
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев