Тоҷикистону Покистон дар шаҳри Пекин ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории миёни ду кишварро баррасӣ карданд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф алоқамандии Тоҷикистонро ба рушду тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишвар таъкид намуд.
Тавре Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст мулоқоти роҳбарони ду кишвар дар шаҳри Пекин дар доираи сафари корӣ ба Чин сурат гирифт.
Ба иттилои Хадамоти матбуот роҳбарони ду кишвар дар ин дидор масоили таҳкиму тавсеаи робитаҳои ду кишвар дар арсаи сиёсӣ, тиҷорату иқтисод, бахусус энергетика ва нақлиёт, фарҳанг, илму маориф, техника ва амнияту мудофиа муҳокима намуданд.
Манбаъ қайд кардааст:
“Рушди минбаъдаи ҳамкории байнипарлумонӣ зарур дониста шуд”. https://tajikpress.com/2025/09/03/%d1%82%d0%b0%d0%ba%d0%b8%d0%b4%d0%b8-%d1%82%d0%be%d2%b7%d0%b8%d0%ba%d0%b8%d1%81%d1%82%d0%be%d0%bd%d1%83-%d0%bf%d0%be%d0%ba%d0%b8%d1%81%d1%82%d0%be%d0%bd-%d0%b1%d0%b0%d1%80-%d0%b3%d1%83%d1%81%d1%82/
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев