Идиут Оҳорунут бо ишора ба инки Ҳамос ҳамчунон побарҷо ва сарсахт истодааст, навишт, ки ҳеҷ асаре аз шикасти ин гурӯҳ ба чашм намеояд.
Идиут Оҳорунут бо ишора ба инки Ҳамос ҳамчунон побарҷо ва сарсахт истодааст, навишт, ки ҳеҷ асаре аз шикасти ин гурӯҳ ба чашм намеояд.
Ови Исохоров, нависандаи саҳюнист дар рӯзномаи Идиут Оҳорунут эътироф кард, ки тағйире, ки Исроил муддатҳо пас аз амалиёти “аробакашҳои Гидъун мунтазири он буд, таҳаққуқ наёфта ва Ҳамос дучори фурӯпошӣ нашуда ва мардуми Ғазза ҳамчунон майле ба мухолифат бо он надоранд.”
Исохоруф ба нақл аз афсарони аршади артиши режими саҳюнистӣ гуфт, ки ба рағми вайронии густарда ва бо хок яксон шудани бисёре аз маҳаллаҳо, амалиёти низомӣ дар борикаи Ғазза ба авҷи худ расидааст.
Вай афзуд, ки Ҳамос ҳамчунон побарҷо ва сарсахт истодааст ва бидуни як роҳи ҳалли сиёсии ниҳоӣ, ин ҷанг поён нахоҳад ёфт, фориғ аз инки чиқадар ин ҷанг тӯл бикашад ё чиқадар шиддат бигирад.
Ин нависандаи саҳюнист дар Идиут Оҳорунут навишт, ки маҳаллаи Шуҷоъия дар Ғазза, ки як низомии исроилӣ дар онҷо кушта ва ҳашт нафари дигар захмӣ шуданд, аз 7-и октябр токунун барои панҷумин ё шашумин бор шоҳиди амалиёти мукаррари артиши Исроил буда то гӯё зерсохтҳои Ҳамосро нобуд кунад, бидуни инки ба натоиҷи қатъӣ биянҷомад.
Исохоров дар поён тасреҳ кард, ки сенарияи Хонюнус дар ҳоли такрор аст, артиши Исроил амалиётҳои пай дар пай анҷом медиҳад, ки мунҷар ба марги низомиёни бахши муҳандисии размӣ мешавад, дар ҳоле, ки изҳороти такрории “нобудии Ҳамос” ва “наздик будани таслими ин гурӯҳ” борҳо ва борҳо матраҳ мешавад, бидуни инки ҳеҷ як аз ин масъалаҳо дар воқеъ таҳаққуқ ёбанд. https://tajikpress.com/2025/07/04/%d1%80%d3%af%d0%b7%d0%bd%d0%be%d0%bc%d0%b0%d0%b8-%d0%b8%d1%81%d1%80%d0%be%d0%b8%d0%bb%d3%a3-%d2%b3%d0%b5%d2%b7-%d0%bd%d0%b8%d1%88%d0%be%d0%bd%d0%b0%d0%b5-%d0%b0%d0%b7-%d1%88%d0%b8%d0%ba%d0%b0%d1%81/
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев