Тоҷикистон маҳсулоти кишоварзиашро дар соли гузашта зиёда ба 26 кишварри хориҷии дуру наздик содирот карда намудааст.
Ба гузориши манбаъ:
Ба иттилои вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар соли гузашта 268,3 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 226,7 миллион доллар ба хориҷи кишвар содирот карда шудааст.
Ба иттилои вазорат, дар таркиби содирот, нахи пахта 100,5 ҳазор тонна, сабзавот 30,8 ҳазор тонна, (аз ҷумла пиёз 29,2 ҳазор тонна), меваҷот 40,1 ҳазор тонна (аз ҷумла ангур 23,7 ҳазор тонна), меваи хушк 90,1 ҳазор тонна ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ 6,8 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
Вазорат қайд кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта содирот аз руи ҳаҷм меваҷот 12,4 ҳазор тонна ё 45 фоиз, меваи хушк 6,7 ҳазор тонна ё 8% ва маҳсулоти ширӣ, тухми паранда ва асали табиӣ 1,5 ҳазор тонна ё 7,1 маротиб зиёд мебошад.
Вазорати кишрварзии Тоҷикистон хабар додааст, ки маҳсулоти кишоварзӣ зиёда ба 26 давлатҳои хориҷии дуру наздик содирот карда шудааст, ки аз он 85 фоиз ба давлатҳои ИДМ ва 15 фоиз ба давлатҳои хориҷии дур рост меояд.
Инчунин дар ин давра ба тоҷикистон аз хориҷи кишвар 227,6 ҳазор тонна ба маблағи 186,9 миллион доллар маҳсулоти кишоварзӣ ворид шудааст. https://tajikpress.com/2025/01/31/%d1%81%d0%be%d0%b4%d0%b8%d1%80%d0%be%d1%82%d0%b8-%d0%bc%d0%b0%d2%b3%d1%81%d1%83%d0%bb%d0%be%d1%82%d0%b8-%d0%ba%d0%b8%d1%88%d0%be%d0%b2%d0%b0%d1%80%d0%b7%d0%b8%d0%b8-%d1%82%d0%be%d2%b7%d0%b8%d0%ba/
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев