Ал-азҳар аз се кишвари аврупоӣ барои ба расмият шинохтани кишвари Фаластини тақдир ва онро ба расмият шинохтани ҳаққи қонунии миллати Фаластин барои доштани истиқлолу озодӣ ва зиндагӣ дар амният хонд.
Ба гузориши ТоҷикПресс, донишгоҳи Ал-азҳари Миср тайи баёнияе аз тасмими се кишвари аврупое Норвегия, Ирландия ва Испания барои ба расмият шинохтани кишвари Фаластин қадрдонӣ кард.
Ал-азҳар дар ин баёния овардааст, ки ба расмият шинохтани кишвари Фаластини иқдоми далерона аст, ки ҳаққонияти миллати Фаластинро ба унвони соҳибони аслии ин сарзамин барои зиндагии ҳамроҳ бо сулҳу оромиш дар он ба расмият мешиносад ва илова бар он ба расмият шинохтан ҳаққи қонунии миллати Фаластин барои истиқлолу озодӣ ва доштани зиндагӣ дар амният дар сарзамини худ ба монанди дигар миллатҳо аст.
Ду рӯз пеш, Майкл Мартин, вазири хориҷаи Ирландия эълом кард: Замоне ки мо як кишварро ба расмият мешиносем, мо онро ба лиҳози як ҷамъияти доимӣ ва марзҳои мушаххас ба расмият мешиносем ва дар ин маврид бар асоси марзҳои 1967 аст.
Вазири умури хориҷаи Ирландия дар гуфтугӯ бо Ал-ҷазира таъкид кард, ки мо ба далоиле аз ҷумла ҳимоят аз роҳи ҳалли ду кишвар, тасмим гирифтем, ки кишвари Фаластинро ба расмият бишиносем. https://tajikpress.com/2024/05/24/%d2%9b%d0%b0%d0%b4%d1%80%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b8%d0%b8-%d0%b0%d0%bb-%d0%b0%d0%b7%d2%b3%d0%b0%d1%80-%d0%b0%d0%b7-%d1%81%d0%b5-%d0%ba%d0%b8%d1%88%d0%b2%d0%b0%d1%80%d0%b5-%d0%ba%d0%b8-%d1%84%d0%b0%d0%bb/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев