Тоҷикистон ва Озарбойҷон созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷиратро имзо карданд.
Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузур ва бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Илҳом Алиев, президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардид.
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев ба Эъломия дар бораи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон имзо гузоштанд.
Сипас, дар ҳузури сарони давлатҳо 13 санади дигар ба имзо расид:
— Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират;
— Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи моликияти саноатӣ;
— Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи техникии иттилоот; https://tajikpress.com/2024/05/24/14-%d1%81%d0%b0%d0%bd%d0%b0%d0%b4%d0%b8-%d0%bd%d0%b0%d0%b2%d0%b8-%d2%b3%d0%b0%d0%bc%d0%ba%d0%be%d1%80%d3%a3-%d0%b1%d0%b0%d0%b9%d0%bd%d0%b8-%d1%82%d0%be%d2%b7%d0%b8%d0%ba%d0%b8%d1%81%d1%82%d0%be%d0%bd/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев