Вазорати дифои Русия дар баёнияе аз дафъи 18 зидди ҳамлаи неруҳои Украина ва кушта шудани 1400 сарбози украинӣ тайи шабонарӯзи гузашта хабар дод.
Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, вазорати дифои Русия дар баёнияе дар хусуси раванди идомаи амалиёти вижаи Русия дар Украина дар 24 соати гузашта эълом кард: Киев ҳудуди 540 низомӣ, 2 танк аз ҷумла як Леопарди олмонии худро дар минтақаи амалиёти ягонҳои ҷануби Русия аз даст дод.
Вазорат дифои Русия дар ин хусус меафзояд: ягонҳои ғарби Русия бо контроли мавозеъи судмандтаре дар Донетск, 13 зидди ҳмлаи неруҳои Киевро дафъ карданд. Душман ҳудуди 80 сарбози худро аз даст дод.
Баёнияи мазкур дар идома изофа мекунад: тайи иқдомоти муваффақиятомез, воҳидҳои маркази неруҳои Русия мавозеъи худро беҳбуд бахшиданд; Киев беш аз 395 сарбози худро аз даст дод. Ягони шарқи неруҳои Русия мавозеъи судмандтареро таҳти контрол дароварданд; Талафоти неруҳои мусаллаҳи Украина ба 135 неруи низомӣ ва як танк расид.
Ин баёния дар идома меафзояд: неруҳои Русия бо беҳбуди мавозеъи токтикӣ 5 зидди ҳамларо дафъ кард, талафоти неруҳои Украина ба 250 неруи низомӣ ва ду танк расид.
Зидди ҳамлоти артиши Украина, ки аз пештар мақомот ва расонаҳои ғарбӣ ва украинӣ бо обутоби фаровон ваъдаи онро дода буданд, саранҷом 4 июн бесарусадо ва бидуни эъломи расмӣ дар меҳварҳои мухталиф оғоз шуд ва бино бар гузоришҳо, неруҳои украинӣ натанҳо токунун муваффақ ба шикасти хутути дифоии артиши Русия ва пешравии чашмгире нашуданд, балки ҳаҷми зиёде аз таҷҳизоти низомии модерни эҳдоии ғарбиҳо низ дар ин зидди ҳамалот нобуд шуда ё солим ба тасарруфи неруҳои артиши Русия даромад. https://tajikpress.com/2024/05/14/%d1%80%d1%83%d1%81%d0%b8%d1%8f-%d1%83%d0%ba%d1%80%d0%b0%d0%b8%d0%bd%d3%a3-%d1%83%d0%ba%d1%80%d0%b0%d0%b8%d0%bd%d0%b0/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев