Ризояти ИИАО аз раванди ҳамкорӣ бо МуғулистонКорҳои муқаддамотӣ барои бастани созишномаи тиҷории муваққатӣ байни ИИАО ва Муғулистон аллакай оғоз шудаанд ва мумкин аст то охири соли ҷорӣ ба анҷом расад.
Ба гузориши манбаъ:
Муғулистон на танҳо ҳамсоя, балки шарики муҳими кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мебошад.
Ин нуктаро вазири савдои ИИАО, Андрей Слепнев дар пасманзари ташаббуси ба таври расмӣ оғоз кардани музокирот дар бораи бастани созишномаи муваққатии тиҷоратӣ бо Муғулистон баён дошт.
Ташаббуси мазкур аз ҷониби раҳбарони кишварҳои узви ИИАО дар нишасти Маскав, ки 8 май баргузор шуд, дастгирӣ ёфт.
Слепнев ин иқдомро ояндадор хонд. Ӯ афзуд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти Муғулистон сари таҳкими равобит кор карда истодаанд.
Вай гуфт:
“Мо якҷо бо ҳамкорони худ аз Улан-Батор воситаҳои сиёсати савдоро ҳамаҷониба омӯхтем, ки онҳоро барои амиқтар кардани ҳамкориҳои мутақобилан судманд истифода бурдан мумкин аст. Инчунин оқибатҳои ташаккули низоми тиҷорати озодро омӯхтем”.
Корҳои муқаддамотӣ барои бастани созишномаи тиҷории муваққатӣ байни ИИАО ва Муғулистон аллакай оғоз шудаанд ва мумкин аст то охири соли ҷорӣ ба анҷом расад. https://tajikpress.com/2024/05/14/%d1%80%d0%b8%d0%b7%d0%be%d1%8f%d1%82%d0%b8-%d0%b8%d0%b8%d0%b0%d0%be-%d0%b0%d0%b7-%d1%80%d0%b0%d0%b2%d0%b0%d0%bd%d0%b4%d0%b8-%d2%b3%d0%b0%d0%bc%d0%ba%d0%be%d1%80%d3%a3-%d0%b1%d0%be-%d0%bc%d1%83%d2%93/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев