Ба гузориши хабаргузории "Алҷазира" эътирозоти зидди саҳюнистии донишҷӯёни Амрико дар ҳимоят аз Фаластин ва мардуми мазлуми Ғазза дар бисёре аз донишгоҳҳои Амрико ҳамчунон идома дорад.
Эътирозоти донишгоҳиёни Амрико дар ҳимоят аз Ғазза дар ҳоле идома дорад, ки боздоштҳо низ идома дорад, аз ҷумла гузориш шуда дар донишгоҳи Каролинаи Шимолӣ, 36 муътаризе ки дар муҳавватаи донишгоҳ таҳассун карда буданд, дастгир шуданд.
Вашингтон Пуст ҳам гузориш додааст, ки Донишгоҳи Браун дар ҳоли баррасии хурӯҷи сармоягузорӣ аз Исроил дар соли ҷорӣ аст.
Вебгоҳи Аксиос ҳам дар гузорише эълом кард, ки маҷлиси намояндагон аз руасоаи Донишгоҳҳои Йел, Мичиган ва Калифорния мехоҳад дар мавриди тазоҳуроти тарафдорони Фаластин шаҳодат бидиҳанд.
Эътирозот дар Донишгоҳи Калифорния ҳам ҳамчунон идома дораду масъӯлони ин донишгоҳ барои муътаризони донишҷӯ хат ва нишон кашида ва ҳушдор додаанд: агар донишҷӯён дар синфҳояшон ихтилол эҷод кунанд, иқдомоти инзиботии шадиде аз ҷумлаи ихроҷ ё таълиқ дар бораи онҳо анҷом хоҳем дод.
Донишгоҳи Калифорния ҳамчунин афзӯдааст, ки персонели худ барои иҷрои қонун дар муҳавватаи донишгоҳро бештар кардааст. https://tajikpress.com/2024/05/01/%d0%b0%d0%bc%d1%80%d0%b8%d0%ba%d0%be-%d0%ba%d0%b0%d1%80%d0%be%d0%bb%d0%b8%d0%bd%d0%b0%d0%b8-%d1%88%d0%b8%d0%bc%d0%be%d0%bb%d3%a3-%d1%84%d0%b0%d0%bb%d0%b0%d1%81%d1%82%d0%b8%d0%bd-%d2%93%d0%b0%d0%b7/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев