Ҳазорон тан аз сокинони арозии ишғолӣ ба ҳамроҳи хонаводаи асирони назди Ҳамос бо сардодани шиор алайҳи кобинаи Нетаняҳу хостори тавофуқи фаврӣ бо гурӯҳҳои фаластинӣ ва бозгашти ҳар чӣ зудтари фарзандони худ аз Ғазза шуданд.
Ба гузориши манобеи хабарӣ, ҳазорон нафар аз сокинони сарзаминҳои ишғолӣ дар Телавив душанбе шаб тайи тазоҳуроте алайҳи сиёсатҳои кобинаи Нетаняҳу дар мудирияти ҷанги Ғазза хостори тавофуқ барои озодсозии фаврии асирони исроилӣ дар Ғазза шуданд.
Маркази иттилоъ расонии Фаластин душанбе шаб гузориш дод, ки ҳазорон нафар аз шаҳракнишинон душанбе шаб бо барпоии тазоҳурот дар Телавив, хостори иқдоми фаврӣ барои озодии асирони саҳюнистӣ дар Ғазза шуданд.
Дар ҳамин иртибот, шабакаи 12 телевизиони режими саҳюнистӣ эълом кард, ки шаҳракнишинони саҳюнистӣ муҷаддадан зери бориши шадиди борон дар Телавив даст ба тазоҳурот зада ва хостори иқдоми фаврӣ барои озодии асирони исроилӣ дар Ғазза шуданд.
Бисёре аз таҳлилгарон дар Фаластини ишғоли мӯътақиданд, ки Нетаняҳу танҳо фарде аст, ки мехоҳад ҷанги Ғаззаро барои аҳдофи шахсии худ тӯлонӣ кунад то ҷое, ки Яир Лапид, раҳбари мухолифони Исроил дар ин бора гуфтааст, ки Нетаняҳу ҳеҷ аҳамияте ба Исроил намедиҳад балки фақат ба манофеи сиёсии худ меандешад.
Дар ҳамин робита шабакаи 12 ибрӣ забон шомгоҳи шанбе ба нақл аз Мари Рего, вазири ҳамлу нақл ва узви кобинаи амниятӣ ва сиёсии режими саҳюнистӣ гузориш дод: тазоҳуркунандгоне ҳастанд, ки мехоҳанд Нетаняҳуро террор кунанд. https://tajikpress.com/2024/04/09/фаластин-ғазза-нетаняҳу-асирон/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев