Предыдущая публикация
»
Тоҷ аз фарқи фалак бардоштан,
Ҷовидон он тоҷ бар сар доштан,
Дар биҳишти орзу, раҳ ёфтан,
Ҳар нафас шаҳде ба соғар доштан,
Рӯз дар анвоъи неъматҳову ноз,
Шаб буте чун моҳ дар дар бар доштан,
Субҳ аз боми ҷаҳон чун офтоб,
Рӯи гетиро мунаввар доштан,
Шомгоҳ чун моҳи руъё офарин,
Ноз бар афлоки ахтар доштан,
Чун сабо дар мазраъи сабзи фалак,
Бол дар боли кабутар доштан,
Ҳешмату ҷоҳи сулаймони ёфтан,
Шавкату фарри Сикандар доштан,
То абад дар авҷи қудрат зистан,
Мулки ҳастиро мусаххар доштан,
Бар ту арзони ки моро хуштар аст,
Лаззати як лаҳза модар доштан!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 4