Эй ки мегӯи шариъат банди зиндони ман аст,
Амру дастури Худованд ҷабр бар ҷони ман аст.
Бар ту мегӯям мақоматро чи буд дар зиндаги,!
Як даме андеша кун аз рӯзи бас шармандаги.
То ба ислом омадан зан ҷуз матоъ чизе набуд,
Дини ислом омаду занро даре аз ҳақ кушуд.
Соъате буд зан ба модар ҳам падар чун ор буд,
Лозим андар кас набуд бе соҳибу бекор буд.
Зинда дар гӯр кардани занҳо магар ҳарфи ман аст,?
Таърихи дунё саропо пур зи нақли гулхан аст.
Ончунон буд зан ки номаш одаму инсон набуд,
Ҳеҷ гоҳе дар ҳаёташ чеҳрааш хандон набуд.
Мухтасар гӯям шунав ай хоҳари ҷон гуфтаҳо,
Гарчи бисёр аст ҳанӯз ҳам олами ногӯфтаҳо.
Қадри худ дону ҳиҷобатро макун аз сар бурун,
Ҳарчи бишниди ҳақиқат буд,ки мо гуфтем кунун.
Гар ту озодию хушҳоли шариъат асли ӯст,
Мӯҳри имону саодат ифтихори насли ӯст.
Хоҳари ҷон панди Иқбол бар салоҳи кори туст,
Чашм бикшо ҷуз шариъат ҳар даре безори туст


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев