Вақте тасмим гирифтам, ба муҳоҷират барои кор равам, падарам бо ман хайрухуш кард ва дуо дод, ки муваффақ шавам.
Пас аз ду соли дар муҳоҷират буданам падар ва модарам аз хона ба аёдати хешованде, ки дар деҳаи дигар зиндагони мекард рафтанд.
Ҳамон рӯз дузде вориди ҳавлии мо шуд харро дуздид.
Ду рӯз баъд, дузд ба бозор рафт, ба хар ҳар гуна меваю сабзавот бор кардааст, болои хари аз хонаи мо дуздида шуда. Дузд дар байни издиҳом банд буд, хар аз самти бозор то хона роҳро медонист. Хар аз дасти дузд пинҳони дар байни издиҳом ба самти хона тоб мехурад.
Ба хона омада мерасад аз сабабе ки дар аз дохил бастааст натавонист ба ҳавли ворид шавад.
Падарам садои дарро шунид, онро кушод дар берун харе буд, бо сабзавоту меваҷот пур.
Бо садои баланд модарамро фарёд зада гуфт:
- Очеш, очеш ба харамон нигоҳ кун. Ду руз нагузашта аз гумшуданаш аз бозор ба мо меваву сабзавот овардааст, писарат ду сол мешавад дар муҳоҷират, ақаллан пули як кило пиёз рои накардааст...
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 6