🔹 Тарҷумаи гуфтор:
Рӯзе ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ба ҳамроҳи шуморе аз шогирдони худ ба деҳае даромад то дар он намоз гузорад ва истироҳат кунад. Пас мардум пиромуни ӯ гирд омадаанд то ӯро бубинанд ва шояд аз ӯ сухане бишнаванд. Пас он ҳазрат чун дид ки пиромуни ӯ гирд омадаанд ва ӯро тамошо мекунанд, ба миёни онон рафт ва ононро навозиш кард ва пандҳо дод ва аз боварҳои нодуруст ва корҳои нораво бар ҳазар дошта ва ба шинохти ҳақ ва ёрии он фаро хонд ва аз рӯӣ ҳикамт бисёр суханҳо гуфт, вале дере нагузашт ки онон аз пиромуни ӯ пароканда шуданд ва ба сӯӣ хонаҳои худ бозгаштанд то ба корҳои рӯзмараи худ бирасанд. Пас он ҳазрат бо ёрони худ танҳо монд ва аз ин рӯ, ба сӯӣ дарахте рафт ки дар пойи кӯҳе буд то дар сояи он намоз гузорад; Чароки намозро бисёр дӯст медошт ва ҳаргоҳ фароғате меёфт ба намоз меистод ва
* Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/content/2635/
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 1