* Мавзӯъ: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он ба сӯӣ ҳукумати Худованд даъват мекунад ва аз ҳукумати ғайри Ӯ боз медорад.
* Тарҷумаи нома:
«Ҳон эй мардум! Аз ман бишнавед, агар гӯши шунаво доред; Чароки барои шумо масале мезанам: Ҳароина масали шумо дар зиндагии дунё масали кӯдаке будааст ки модари хешро дар анбӯҳи ҷамъият гум карда бошад, пас ба умеди даст ёфтан бар ӯ ба домони ҳар зане чанг мезанад ва муддате дар пайи ӯ равон мегардад, то он гоҳ ки аз ӯ бемеҳрӣ мебинад ва дар меёбар ки ӯ модар нест, пас шевонкунон ӯро во мегузорад ва ба домони дигарӣ меовезад, то он гоҳ ки торикии шаб ӯро фаро мегирад ва сармои он ӯро талаф мекунад, дар ҳоле ки ёрӣ кунандае барои ӯ нест! Ин будааст масали шумо дар зиндагии дунё ки ба умиди даст ёфтан бар адолат, ба ҳар ҳукумате дил бастаед ва муддате аз он пайравӣ кардаед, то он гоҳ ки аз он зулм дидаед ва дарёфтаед ки дар он адолат нест, пас фарёдкунон онро бар андохтаед ва ба ҳукумати дигарӣ рӯй овардаед! Пас ин гуна, дар ҷустуҷӯӣ адолат, гоҳе ба шарқ майл кардаед ва гоҳе ба ғарб; Гоҳе ба чап давидаед ва гоҳе ба рост; Гоҳе ба Зайд рӯй овардаед ва гоҳе ба Амр; Гоҳе ба салтанат дил бастаед ва гоҳе ба ҷумҳврият! Дар ҳоле ки адолат, на дар шарқ будааст ва на дар ғарб; На дар чап будааст ва на дар рост; На дар Зайд будааст ва на дар Амр; ...
📚 Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/content/1819/
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев