Чанд рӯз аз моҳи мубораки рамазон, моҳи ибодат ва бандагӣ, моҳи тавба ва истиғфор ва зикр, моҳи бозгашт ба фитратҳои пок ва моҳи ба асорат даромадани шаётин мегузарад. Ин моҳи нуронӣ ки моҳи зиёфати Худост, беҳтарин фурсат аст то мусалмонони ҷаҳон бо такя бар каломи Худованди аззаваҷал ва суннату сираи нуронии Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, нафсҳои хешро пок ва муҳаззаб созанд ва бо неру гирфтан аз сабр ва намоз бар қувои шаётини ҷиннӣ ва инсӣ фойиқ оянд ва бо таваккул бар Худованди мутаъол заминаи ба ҳокимият расидани халифаи Ӯ бар рӯӣ замин, ҳазрати Маҳдӣ алайҳи саломро фароҳам созанд. Бетардид фазои руҳонӣ ва малакутии ин моҳи муборак беҳтарин замон аст барои зудудани қалбу зеҳн ва андеша аз зангори гуноҳон ва олудагиҳо ва риҷсҳо. Ин моҳи осмонӣ фурсате аст муғтанам барои пок кардани ақойид ва аъмол ва гуфтор аз ширкҳо ва убудияти тоғут ва бандагии ғайри Аллоҳ. Ин моҳи азимушоън ҳангомаҳое аст арзишманд барои тағйири анфус ва аз байн бурдани разолатҳо ва худхоҳиҳо дар фард фарди мусалмонон ва дар ҷомеъа ва уммати Исломӣ. Дар воқеъ агар мусалмонони ҷаҳон бихоҳанд тағйире дар умури хеш эҷод кунанд ва шаройитро ба гунаи дигаргун намоянд то муҳаёи ҳокимияти халифаи Худо бар рӯӣ замин шавад, муқаддамоти лозими он, тағйири дарунӣ дар нафсҳои онҳо ва ирода ва иқдоми ибтидоии онҳост; Чунонки ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар китоби арзишманди «Бозгашт ба Ислом» мефармоянд: ...
📚 Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/content/1651/


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 2