Предыдущая публикация
Аҷиб аст зиндагӣ, ëрон,
Дар ин дунëи пурармон.
Даме, ки пур шавад паймон,
Касе мурдан намехоҳад.
Агар аз аҳли Қуръон аст,
Агар, ки номусулмон аст.
Чи дарвешу чи султон аст,
Касе мурдан намехоҳад.
Чӣ нӯшину чӣ талхӣ ҷон,
Чи дардеву чӣ бедармон
Чӣ асроре бигӯ, Яздон ?
Касе мурдан намехоҳад.
На як оқил, на майхора,
На дорову на бечора.
На маскуну на овора,
Касе мурдан намехоҳад.
Ба даргоҳи худовандӣ,
Касе рафтан намехоҳад.
Зи аҳли бандаи хокӣ,
Касе мурдан намехоҳад.
Ба нуру нор пайвастан,
Аз ин вайрона ворастан.
Чӣ ҷойи гуфта бигристан,
Касе мурдан намехоҳад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев