Пеш аз хондани намози ҷумъа бояд таҳорат (шустушуй ва пок кардани бадан) кард, нохуну муйҳои барзиёдро гирифтан, либосҳои тозаи беҳтаринро пушидан ва хушбуй кардан зарур аст. Баъдан беҳтараш пиёда ба хондани намози ҷумъа равад. Дар масҷид ки даромад ба дигарон халал нарасонида ба тартиби қабулшуда ҷойи нишастро қабул менамояд. Хурдани чиснок, пиёз ва дигар маҳсулоти буйи тезу бад дошта мумкин нест.
Намози ҷумъа иборат аз 2-ракат буда вақти хондани намози пешин байни ракатҳои сунатии намоз яъне 4 ракатиҳо хонда мешавад. Яъне:
4- ракат суннат
2-ракат фарз (худ хамин ду ракат намози чумъа аст)
4-ракат суннат
Савобҳои хондани Намози ҷумъа:
Бояд гуфт, ки худ рузи ҷумъа барои мусалмонон ин рузи хоса ва рузӣ истироҳатӣ мебошад, ки ҳамчун ид ҳатто мебошад. Дар ин руз барои мусалмонон шароит барои гирифтани бештари савоб ва раҳои ёфтан аз гуноҳо фароҳам оварда шудааст. Хондани Намози ҷумъа тибқи нақлҳо ба мусалмонон баробари як сол рузаву намоздорӣ савоб гирифтан баробар будааст.
Нияти Намози Чумъа (ҶУМЪА):
Ният кардам, соқит гардонам чаҳор рақаъат суннати намози пеш аз фарзи ҷумъа вақте, ки бар ман аст, рӯй овардам ба қибла, қиблаи ман ба ҷиҳати Каъба, иқтидо кардам ба имоми ҳозиристода, холисаллиллоҳи таьоло, Аллоҳу акбар.
Ният кардам, соқит гардонам фаризаи вақтиро ба адо кардани ду ракаъат фарзи намози ҷумъа вақте, ки бар ман аст, рӯй овардам ба қибла, қиблаи ман ба ҷиҳати Каъба, иқтидо кардам ба имоми ҳозиристода, холисаллиллоҳи таьоло, Аллоҳу акбар.
Ният кардам, соқит гардонам чаҳор рақаъат суннати намози баъд аз фарзи намози ҷумъа вақте, ки бар ман аст, рӯй овардам ба қибла қиблаи ман ба ҷиҳати Каъба, иқтидо кардам ба имоми ҳозиристода холисаллиллоҳи таьоло, Аллоҳу акбар.
______________________________________
Ташшаккур барои хондани матни мазкур.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев