с) ва дуъои мурча!
Дар замонҳои ҳазрати Сулаймон (А.с) дар сарзаминаш хушксолии сахту шадиде омад. Хушксоли сабаби қаҳтиву хушк шудани дарахтон ва нобуд гаштани зиёди зироат гашт.
Ҳазрати Сулаймон (А.с) бо тамоми пайравони худ ба биёбоне мебарояд то бо ҷамъият аз Худованд дар дуъову тазарруъ борону зиёдии ҳосили меваву зироат бихоҳанд.
Чун ҳазрати Сулаймон (А.с) забони ҳама ҳайвоноту паррандагон ва хазандагону ҳашаротро медонист, дид ки мурчаяке бо ду пойҳояш рост шуду суи Худованди Мутаъол дуъову тазарруъ кард ки:
-«Илоҳо! Ай Худованди Бузургу Меҳрубон! Холиқе ки «дарёи раҳматат» беканор аст!Мо мурчагон аз ҳама кучактарин «халқи Ту» ҳастем. Мо нобуд хоҳем гашт бе неъматҳои Ту. Худовандо ба мо ризқу рузи ато фармо ва бо сабаби гуноҳони одамон моро низ санҷишу азоб макун. Илтиҷо менамоям бар мо борон равон кун то дарахтон бисабзанд, заминҳо сабзазор гарданд ва зироат ҳосил диҳанду барои мо ризқу рузие пайдо гардон».
Ҳазрати Сулаймон(А.с) чун ин дуъо бишнид бар зердастон фармуд:
- «Бармегардем ба хонаҳои худ. Ба мо кофист дуъои ҳамин як мурча ки аз сидқ ба суи Худованди Меҳрубон дуъову тазарруъ намуд».
Ҳамон замон борони сахте борид ва ҳама атроф ба сабзидан даромад!
\\\\\\\\\\\\\\\\\\\///////////
Ъибрат:
Бародарону хоҳарони Имони! Аз ин қисса мо ду ъибрат мегирем:
- Аввалин ъибрати он ки дуъову тазарруъ танҳо ва танҳо аз Аллоҳи Меҳрубон бояд бошад!
-Ъибрати дигар ин ки ҳарчи мо бузургу ё хурду бемартаба бошем, зурманду очиз бошем, вазифадору зердаст бошем- Худованд ба «ному насаб» ва «ҷоҳу мансаб» -и мо назар нахоҳад кард.
Балки Худованд ба Имону тақводории мо ва бо дуъову тазарруъ ба суи У руй овардани мо, ҳоҷат хостани мо мо хуш ояд- ва дуъои моро қабул намояд ва моро муваффақ намояд!
Дуъо ъибодат аст тибқи ҳадиси мубораки Расули Акрам (Дуову дуруд бар у бод') -пас ъибодат бояд танҳо ва танҳо ба суи Аллоҳи Бузургу Тавоно бошад.
Худованд мефармояд:
«Парвардигоратон гуфт: «Дуъову илтиҷо кунед Маро, то (дуъои') шуморо иҷобат кунам» (Ғофир 60)'
Расули Худо (Дуову дуруд бар у бод) ' мефармояд:
-«Дуъо ъибодат аст» (Тирмизӣ' )
Дуъо ъибодат ки бошад –ъибодат ба ғайри Аллоҳ щирк ва гуноҳи азим аст. Пас ъиҷобати дуъо зиёд аз боварии комил доштани дуъокунанда ки ғайри Аллоҳ (ҷ.ҷ) аз ҳеҷ як махлуқе он ҳоҷату заруратро набояд талабид вобастаги дорад.
Яъне Аллоҳ (ҷ.ҷ) аст ризқдиҳанда, бахтдиҳанда, шифодиҳанда, неъмат-атокунанда, молдиҳанда.
Донед ки ғайри У мо бо дуъову тазарруъ ба суи касе ва ё чизе ҳеҷ гоҳ руй намеорем. Ин аст Ислом!
Худованд дар каломаш мефармояд:
-Бигӯ: «Танҳо Парвардигорамонро мехонам ва ҳеҷ касро шарики ӯ намесозам» (Ҷин 20)
Акнун бубинед ки ин мурчаи кучак аз Худованд дуъову тазарруъ кард ва дуъояш ъиҷобат гашт. Магар у дар дуъояш умед ба ғайри Аллоҳ дошт? –албатта не.
У ки дар дуъояш сидқу боварии комил буд-Худованд дуъояшро қабул намуд ва ончи ки талабид атояш намуд. Бо сабаби дуъои ин мурчаяк ҳама гирду атроф дубора «биизни Илоҳи» сабзу хуррам гашт.
Аммо афсус дар ин замони мо баъзе бародарону хоҳароне ҳастанд ки гар мушкилу ҳоҷоте доранд аз ҳама манъкардаҳову ҳарромкардаҳои Илоҳи истифода мебаранд ва чун муваффақ нагаштанд дар охир руй ба Аллоҳи Бузург меоранд.
Аз он ки онҳо якчанд махлуқро ҳоҷатбарор гумон мекарданд ба ҳангоми аз Аллоҳ ҳоҷатталаби ин тоифа мардум аз сидқ дуъо нахоҳанд кард.
Яъне хотири онҳоро баъзе дигар гумонҳои «ботил» мушавваш хоҳад кард.
Чун дар дуъо боварии комил зарур аст- аммо ин тоифа мардум ҳатто дар дуъо ба суи Аллоҳ гумонашон ба роҳҳои щирки хоҳад буд. Пас онон шикоят менамоянд ки «дуъоям иҷобат нашуд», «мушкилам осон нашуд», «бемориам шифо нашуд» ва ғайра.
Бародарону хоҳарони Имони! Ҳар як ҳадису қиссаҳои ибратнок барои мо бояд ъибрат бошад. Чун мо бояд донем ки он ҳадисхо ва қиссаҳоро то ба даврони мо расониданд то мо ҳам чун муъминони аввали дар тоъату ъибодат аз аввалинҳо ъибрат бигирем ва пайрав гардем.
Аммо афсус баъзе мардумоне ҳастанд ки ин ҳадису ҳатто баъзе ояҳои Қурьониро қабул накарда аз паси гуфтаи «фалони гуфт» ва ё «бобову бибим гуфт» мегарданд.
Худованд инро дониста моро ёдрас кардааст ки:
- «Агар аз бештари мардум пайравӣ кунӣ, туро аз роҳи Худо дур месозанд». (Сураи Анъом-116).
Як тоифа дигар мардум бовари доранд ки мурдагони «солеҳ» ҳоҷатбарор, шифодиҳанда, мушкилкушо, бахтдиҳанда хоҳанд буд.
Ва ё гар мушкиле дорем албатта сари қабри онҳо равем то онон мушкили мо бишнаванд ва ба Худованд онро бирасонанд.
Гуиё ки бе ин "миёнарави" дуои мо қабул намешуда бошад. Аз куҷост ин дуруғу ин бовари?
. Чун Худованд дар каломаш равшану возеҳ мо бандагонро хабардор мекунад:
-«Ҳаройна, ту наметавонӣ мурдагонро шунаво созӣ» (Намл 80)
Худованд дар ҷои дигар бар мо мефармояд:
- «Ва зиндагону мурдагон баробар нестанд. Албатта, Худо ҳар киро хоҳад, мешунавонад. Ва ту наметавонӣ сухани худро ба мурдагоне, ки дар гӯр хуфтаанд, бишунавонӣ» ( Фотир 22)'
Ин ояҳо бар мо далелу ҳуҷҷатест, ки он бовариҳои ботиле ки дар боло мисол овардам хатоянду моро ба щирк мебаранд.
Худованд худ мефармояд ки «шумо наметавонед суханони худро ба мурдагон расонед»-аммо баъзе ҷохилсифатон ва ҳатто ба ном муллоҳо мегуянд ки «пирам гуфт» «бобом гуфт», ки ҳарчи мо мегуему мепурсем мурдагон мешунаванд. Оё ин зидди фармудаҳои Худованд нест?
Албатта зиёрати «азизони Худо», зиёрати қабристонҳо ъамалест басо наку. Он дохили кабр будахо муҳтоҷи дуъои моянд, муҳтоҷи онанд ки мо қабрҳои онҳоро ба тартиб дарорем, муҳтоҷи онанд ки онҳоро ба неки ёд намоем.
Акнун он «бечораҳо» ҳатто қодир нестанд чангу ғубори болои қабри худро тоза намоянд- аммо баъзе ҷоҳилону нодонон умед доранд ки ин «азизон» мушкилашонро осон хоҳанд кард.
Пайғамбари Худоро (Дуову дуруд бар у бод) ' агар ғаму андуҳе мерасид, мушкиле болояш меомад, ҳоҷате дошт, худ чунин дуо мегуфт:
-«Ё Ҳайю ё Қайюм ба раҳмати Ту ёри металабам» (Тирмизи').
Яъне Пайғамбари Худо (Дуову дуруд бар у бод) моро меомухтанд ки танҳо аз Аллоҳ ёри талабем ва уро дар дуъову тазарруъ бихонем.
Худованд дар каломаш, Пайғамбари Худо (Дуову дуруд бар у бод) дар аҳодисаш моро такрор ба такрор роҳи «наҷот»-у сарбаланди меомузанд-аммо боз ҳам имрузҳо гумроҳоне ҳастанд ки ин фармудаҳоро қабул надоранд ва ҳатто мардумонро ба гумроҳи мебаранд.
Пайғамбари Худо (Дуову дуруд бар у бод') дар ҳадиси муборакаш ба Ибни Аббос (р.а) мефармоянд:
-«Ҳар вақт чизе хости аз Худо бихоҳ, ва ҳар кумак хости аз Худо кумак бихоҳ» (Тирмизи' )
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 3