♥ГУФТА БУДАМ МАРДУМИ ИНҶО БАДАНД.♥
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1
Гуфта будам мардуми инҷо баданд.
Дидӣ охир соқаи ҷонат шикаст,
Он азизат аҳду паймонат шикаст.
Дидӣ эй дил дар ҷахон як ёр нест,
Ҳеҷ кас дар зиндагӣ ғамхор нест.
Оҳ, дидӣ содагӣ ҷон додааст,
Ҷои худро гил ба симон додааст,
Дидӣ охир ҳарфи ман беҷо набуд,
Аз барои ишқ инҷо ҷо набуд.
Навбаҳори умрро дидӣ чи шуд
Зиндагиро ҳеҷ фахмидӣ чи шуд?
Дидӣ эй дил дӯстиҳо бевафост,
Камтарин чизе ки меёби вафост.
Дидӣ ин гулҳо ҳама пажмурдаанд,
Рангҳо дар дуду сармо мурдаанд.
Оре эй дил! Зинда будан сода нест!
Байни одамҳо яке дилдода нест
Бояд инҷо аз худ эй дил гум шавӣ,
Оқибат ҳамранги ин мардум шави!!!