{Қисми 9}.
Аввалин халифаи Расули Худо (с)!
Чун бемории Расули акрам (с) шиддат ёфт, амр намуданд, ки барои намоз гузоридан баҳрашон такягоҳе дуруст намоянд, то ба кӯмаки он нишасту хез кунад.
Ин ҳангом ҳазрати Билол (р) омад, то ки азони намозро бигӯяд. Паёмбари Худо (с) аз таъсири он бемори бисёр нотавон гашта буданд ва бо овози паст гуфтанд:
- Ба Абубакр (р) фаромоед, то намози қавмро гузорад (яъне имом гардад).
Пас модари мӯъминон Оиша (р) гуфт:
- Эй Паёмбари Худо (с), Абубакр (р), мардест, ки бениҳоят хассос ва дорои дили нарм. Вақти имомати гиря мекунад ва мардум аз садои гиря қироаташро намешунаванд. Эй Паёмбари Худо (с), беҳтараш амр менамудед, ки Умар (р) имом шавад.
Паёмбари Худо (с) чанд лаҳза баъд сухани авалаашро дубора такрор намуданд. Бигӯед Абубакрро, то намози мардумро бихонад (яъне имом шавад).
Пас Оиша (р) ба хонуми дигари Паёмбар (с) Хафса (р) гуфт, ки ба Паёмбар (с) бигӯ, ки ҳароина, Абубакр (р) марди хассос ва дорои дили нарм аст ва агар бо мардум намоз бигузорад, мардум аз шиддати гиряаш оятҳои Қуръонро намешунаванд. Аз ин рӯ беҳтар мебуд, ки барои имомати Умарро маъмур созанд.
Дар ҷавоби ин хонум Паёмбари Худо (с) ба ғазаб омада, чунин гуфтанд:
- Ҳароина шумо мисли занҳои Юсуф (а) ҳастед. Бигӯед Абубакрро, ки намози мардумро бигузорад.
Пас вақте, ки Абуюакри Сиддиқ (р) намозро шурӯъ кард, Паёмбари Худо ба худ сабукие дарёфт ва оҳиста роҳ гашта, ба масҷид даромад. Абубакр (р) омадани Паёмбари Худо (с)-ро ҳис карда, аз ҷояш қафо рафт. Паёмбар (с) амр намуданд, ки дар ҷояш истад ва имоматиро идома диҳад. Вале Абубакр (р) бошад як каме қафо омада, ба саф баробар шуд.
Пас вақте ки намозро бо имоматии Абубакр (р) гузориданд Паёмбари Худо (с) хитоб ба Абубакр намуда, чунин гуфтанд:
- Эй Абубакр (р), вақте ки туро амр намудам, ки дар ҷоят биист, чи туро аз истодан дар пеши саф боз дошт?
Сипас Абубакри Сиддиқ (р) бо садои маҳин ва бо сари хам чунин гуфт:
- Ҳеҷ имкон надорад, ки Ибни Абуқухофа (Абубакри Сиддиқ) дар пешорӯйи Паёмбари Худо (с) намоз гузорад.
Давом дорад!!!
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев