(Оғоз 29 марти 2017)
Аллоҳ моҳҳои Раҷаб ва Шаъбонро бар мо муборак бигардон. Моро ба моҳи Рамазон бирасон. (Маънои Ҳадис)
Оғози се моҳи муборак, моҳи Раҷаб- 29 март
Ҳар як аъмол дар дигар вақт даҳ савоб дошта бошад, дар моҳи Раҷаби Шариф сад, дар Шаъбони Муаззама ҳазор ва дар моҳи Рамазони Муборак ва рӯзҳои ҷумъа ҳазор, дар шаби Қадр сӣ ҳазор савоб навишта мешавад.
Се моҳи моҳи муборак «Шуҳуру Салоса» аз моҳҳои Раҷаб, Шаъбон ва Рамазон иборат аст. Дар ин се моҳ файзи раҳмати Аллоҳ Таъоло (ҷ.ҷ.) боз ҳам авлотар дида мешавад.
Амалҳои ҳасанаи худро дар ин се моҳи муборак, барзиёд кардан, сабаби боз ҳам дараҷаи хешро дар ҷаннат волотар кардан аст.
Чи гуна, ки дар як рӯзи махсуси ҳафта харидорӣ кардани маҳсулоти озӯқа арзон аст ва аз он истифодаи барзиёд мекунем, се моҳи муборак низ вақти ҷамъ кардани савоб аст, ки он ҳам барои дарёфти розигии Ҳақ Таъоло (ҷ.ҷ.) мебошад.
Раҷаб маънои таъзим ва эҳтиромро дорад. Пеш аз Ислом низ моҳи Раҷабро гиромӣ нигоҳ медоштанд. Дар моҳи Раҷаб ҳама гуна ҷангҳо сукут мекарданд, шамшерҳо дар ғилофҳо гузошта мешуданд. Ҳатто дар моҳи Раҷаб ба тарафи қотили падар низ нигоҳи бад карда намешуд.
Моҳи Раҷаб ду моҳ қабл аз моҳи мубораки Рамазон аст. Дар ин моҳи мубораки Раҷаб шабҳои муқаддаси Рағоиб ва Меъроҷ мебошад, ки моҳи Раҷабро боз ҳам шарафманд намудааст. Расулаллоҳ (с.а.с.) мефармояд:
«Худоё моҳи Раҷабу Шаъбонро бар мо хайр бигардон ва ба моҳи Рамазон бирасон ». (Ҷамиъус сағир 2.90)
Моҳи Раҷабро «моҳи раҷм» ҳам мегӯянд, ки дар ин моҳи муъминон азият намекашанд, зеро дар ин моҳ ба шайтони раҷим санг зада мешавад ва ронда мегардад.
Моҳи Раҷабро моҳи «матаҳҳар» низ меноманд, ки хаттоҳои шахси рӯзадор дар ин моҳ тоза карда мешвад ва рӯзадор пок мегардад. Ҳазрати Нӯҳ (а.с.) бо қавмаш дар моҳи Раҷаб ба киштӣ нишаста аз офат наҷот меёбанд.
Бузургон дар васфи ин се моҳи муборак чунин суханҳо зикр намуданд.
Раҷаб моҳи тавба, Шаъбон моҳи муҳаббат ва Рамазон моҳи ба Аллоҳ Таъоло наздик шудан аст.
Раҷаб моҳи эҳтиром, Шаъбон моҳи хизмат ва Рамазаон моҳи неъмат аст.
Яке аз бузургони аҳли тасаввуф бо номи Зунуни Мисрӣ чунин фармуданд:
- Раҷаб моҳи коридан аст. Шаъбон моҳи обдиҳӣ аст ва Рамазон моҳи ҷамъ кардани ҳосил аст. Ҳар касе, ки чизе бикорад, ҳамонро ҷамъ мекунад. Нафаре, ки киштукор намекунад, вақти ҷамъоварии ҳосил пӯшаймон мегардад. Дар рӯзи қиёмат ба ҳолати вазнин рӯ ба рӯ мешавад. (Абдулқодири Гайлонӣ, Фазилатҳои се моҳи муборак)
Моҳи Раҷаб аз дигар моҳҳо аз гирифтани барзиёди рӯза фарқ мекунад. Аз Абу Довуд ривоят омадааст, ки Расулаллоҳ (с.а.с.) чунин мефармояд:
- «Дар моҳҳои ҳарам баъзан рӯза бигир, баъзан рӯза нагир, дар моҳҳои ҳарам муддате бигир ва муддате нагир, дар моҳҳои ҳарам рӯза бигир ва рӯза нагир». (Абу Довуд, Савм, 54)
Дар давоми ҳадис, чунин шарҳ ҷо дорад, ки Расулаллоҳ (с.а.с.) дар вақти калимаи рӯза гирифтанро зикр кардан, ҳар се ангуштро пайваст намуда ва дар вақти рӯза нагирифтан ҳар се ангуштро озод намуданд, ки се рӯз ба рӯзаю се рӯз бе рӯза буданро ифода мекунад.
Моҳҳои ҳарам аз Зилқаъда, Зилҳиҷҷа, Муҳаррам ва Раҷаб иборат аст.
Сабаби мусбӣ арз наёфтани бардавомии рӯза дар моҳҳои Раҷаб ва Шаъбон, ба мисли моҳи Рамазон шакл нагирифтани он аст, зеро бардавом рӯза гирифтан танҳо хоси моҳи Рамазон аст. Олимони дин, аз қабили Ғазолӣ ва Ибни Қайим ал-Ҷавзӣ бардавом рӯза гирифтани моҳи Раҷабро макрӯҳ донистаанд (Эҳё улумул дин, 1/237; Задул маъад, 2764).
Се рӯз рӯза гирифтану се рӯз нагирифтанро тавсия дода мешавад. Оид ба пурра гирифтани рӯза дар моҳи Раҷаб, ҳадисе мавҷуд нест. Се моҳи муборакро бардавом рӯза гирифтан на суннат асту на мустаҳаб, танҳо одати солеҳон аст.
Барои нафароне, ки моҳи Рамазонро тарк намудаанд, моҳи Раҷаб ва Шаъбон беҳтарин фурсатест, барои кафорати он. Гирифтани бардавоми рӯза дар моҳҳои Раҷаб ва Шаъбон кафорати тарки рӯзаи моҳи Рамазон аст.
Моҳи Раҷаб моҳи авфи гуноҳҳон аст. Тибқи ривоятҳо дар моҳи Раҷаб ҳафт маротиб хондани дуои мазкур сабаби авфи гуноҳҳон мегардад.
«Астағфируллоҳал Азималлазӣ ло илоҳа илло ҳу ал-Ҳаюл Қаюму ва атубу илайҳ. Тавбата абдин золимин ли нафсиҳӣ ло ямлику ли нафсиҳи мавтан вало ҳаётан вало нушура.»
Маъно: Аз соҳиби ҳаёт, идоракунанда ва дар по нигоҳдорандаи ҳамаи чизҳо, аз Аллоҳе, ки ба ғайри худ дигар илоҳе нест, мағфират талаб мекунам. Ба мисли тавбаи бандае, ки бар нафсаш зулм кардааст, ба ту тавба мекунам. Чун бандае, ки барои нафси худ на ба марг, на ба ҳаёт ва на дубора эҳё ёфтан тавоноӣ дорад. (Маҷмуатул аҳзоб, 1/599)
Се моҳи муборак мавсими дуо ва ниёз аст. Дуоҳои зеборо аз саҳобагон меомӯзем. Ҳазрати Алӣ (р.а.) дар моҳи Раҷаб чунин дуо мекард:
- Худоё, салоту салом бар Муҳаммад алайҳисалоту васалом бодо. Ситораҳои ҳикмат ва неъматҳои бардавом ва сарчашмаи исмат бар аҳли байти бодо.
Худоё маро аз тамоми бадиҳо нигоҳ дор. Оқибатамро бо ҳасрату пӯшаймонӣ ба охир марасон. Аз ман розӣ ва хушнуд бош. Мағфирати Ту (ҷ.ҷ.) барои золимон аст ва ман ҳам бар нафси худ зулм кардаам.
Худоё маро бубахш ва дар бахшидани Ту зараре намерасад. Маро бо неъматҳои Худ эҳсон бикун ва дар эҳсон карданат эҳсонат кам намегардад. Раҳмати Ту васеъ ва зиёд аст. Ҳикматҳоят бошад хуш ва зебост. Худоё ба ман саломатӣ ва офият бидеҳ. Эътимоду ҳузур эҳсон намо. Ба шукру тақво бирасон.
Худоё аз Ту сабр ва дурустӣ мехоҳам. Дар корҳоям саҳлӣ бидеҳ. Дар корҳоям душворӣ манеҳ. Ба оилаам, фарзандҳоям ва бародарҳоям эҳсон бикун. Онҳоро аз аҳли муъмину мусулмонҳо бигардон ва бо ин шакл аз дунё рафтанашонро насиб бигардон. https://www.facebook.com/khudobakhsh ХУДОБХШ
29.03.2017с.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2
Худо чази Хайрат бидихад ОМОН...
МОШОАЛЛОХ