Писараш ба у гуфт: Чи фоида аз Қуръон хондан, ки маънии онро намефаҳмед? Падар гуфт: Писарам, сабаде гир ва аз дарё бароям об биёвар. Писар дар ҷавоб гуфт: Ҳеҷ мумкин нест, ки бо сабад об оварда тавонам. Падар гуфт: Имтиҳон кун писарам. Писар сабадеро, ки дар он ангишт мегузоштанд бардошт ва ба дарё расид. Сабадро дар об зад ва бо сурат ба суи падараш давид вале ҳама об аз сабад рехт ва қатри обе дар он боқи намонд. Пас ба падараш гуфт, ки ҳеҷ фоидае дар ин кор нест. Падараш гуфт: Дубора имтиҳон кун писарам. Писар бори дуввум низ кушиш кард аммо об ба назди падараш намерасид. Бори сеюм ва чорум низ кушиш кард ва хаста ба назди падар омаду гуфт: Ин кор ғайри имкон аст падар. Сипас падар аз писараш пурсид: Пеш аз ин кушишҳоят сабад чигуна буд? Дар ин лаҳза писар дарк кард ва ба падараш гуфт: Бале падарҷон, сабад пеш азин аз боқимондаҳои ангишт касиф ва сиёҳ гашта буд вале акнун сабад пок ва озода гаштааст. Сипас падар ба писараш гуфт: Ин ҳади ақал коре аст, ки Қуръон барои қалбат анҷом медиҳад. Дунё ва корҳои он қалбатро аз касофатиҳо пур мекунад ва хондани Қуръон ҳамчу дарё онро пок месозад, ҳатто агар чизеҳам нафаҳми.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев